Таҳкими техникии Раёсати Суғд аз ҷониби Салиби Сурхи Олмон

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохӯш, таҳкими заминаи техникии бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва дар доираи татбиқи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода имрӯз дар бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд маросими супоридани таҷҳизотҳои наҷот барои роҳандозии корҳои рӯиобиву зериобӣ ва дигар корҳои наҷот, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо маблағгузории Салиби Сурхи Олмон харидорӣ кардааст, баргузор шуд.

Дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур муовини аввали Котиби генерали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Нурулло Файзализода,  сардори Шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, подполковник Холмаҳмад Холов, сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, подполковник Мирзораҳим Абдуллоев, роҳбари бахши Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон  дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода, намояндаи Салиби Сурхи Олмон дар вилояти Суғд Парвиз Маҳмудов иштирок карданд.

Ба Раёсат камзӯлҳои наҷот,  маҷмӯи либосҳои махсус барои бурдани корҳои рӯиобиву зериобӣ, чамбараки наҷотдиҳӣ, гидрокостюм, таҷҳизоти рӯшноидиҳии зериобӣ, дастпӯшҳо, бандҳои кӯҳнавардӣ, ки барои бартарафкунии ҳолатҳои фавқулодда самараованд, супорида шуд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки чорабинии мазкур дар чорчӯбаи лоиҳаи минтақавии байнисарҳадӣ "Мусоидат ба ҷомеаҳои Ҳилоли Аҳмар дар татбиқи дарозмуддати мандатҳои иҷтимоии онҳо ҳамчун ҷамъиятҳои миллии ёрирасон ба мардуми осебпазири Осиёи Марказӣ" (2020-2022), ки бо маблағгузории Салиби Сурхи Олмон ва Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд дар Осиёи Миёна амалӣ мешавад,  баргузор гардид.

 

Шоҳзода Бутаева