36 нафар ширкаткунандагон аз вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои байналмилалии мухталифи муқими Тоҷикистон, чун ACTED, Хазинаи Оғохон, Caritas дар давраи омӯзишии идораи хатари офатҳои табиӣ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ ширкат намуданд.
Ин давраи омӯзишӣ дар Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо бо дастгирии Бонки осиёии рушд баргузор шуд.
Дар маросими хатми он ҷонишини Раиси Кумита, полковник Ҷ.Маҳмадзода ширкат кард ва ба ширкаткунандагон шаҳодатнома супурд.
Муддати як ҳафта дар мавриди беҳбуди тобоварӣ дар баробари офатҳои табиӣ, равишҳои нави коҳиши офатҳои табиӣ маълумот дода шуд ва таҳияи нақшаи роҳ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар ихтиёри ширкаткунандагон қарор гирифт.