Як саҳфаи таърих: Табдили Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

13 сол пеш, яъне 30 ноябри соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили сохторҳои мақомоти марказии иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   табдил дода шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки 2 июли соли 1999 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда буд.

Кумита мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад ва  вазифаҳои тадбиқи сиёсати давлатӣ, танзими меъёрӣ-ҳуқуқӣ, хизматрасонии давлатӣ ва мудирияти  амволи давлатиро дар соҳаи ҲФ ва МГ тадбиқ менамояд.

Бинобар шароити ҷуғрофӣ ва иқлимӣ дар Тоҷикистон эҳтимоли вуқўъи тамоми ҲФ -и табиӣ ва техногенӣ мавҷуд аст.

Аҳолии кишвар ҳар рўз бо хатарҳо мухталиф рӯ ба рӯ мешавад. Вале дар ҳар ҷое, ки одамон ба фоҷиаъ гирифтор нашаванд ва дар кадом як гўшаи кишвар, ки ҳолати фавқулодда сар назанад, ҳамеша наҷотдиҳандагони касбӣ ба кумаки онҳо мерасанд.

Дар айни замон Кумита як сохтори муташаккил аст ва садҳо одамон дар он шабу рўз хизмат мекунанд. Ҳар ҳалқаи ин занҷири мустаҳкам пурарзиш ва ивазнопазир аст. Муборизаи ҳамарўза, заҳмати бо ҷидду ҷаҳд, омодагӣ ҷиҳати қабули қарорҳои муҳим -  ин ҳама мундариҷаи хизмати наҷотдиҳандагони ҷасур ва шуҷоъ мебошад.

   Моро дар Телеграмма пайгирӣ кунед  https://t.me/khftj
барчасп: