Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дамои ҳавои рӯзи 30-уми ноябр шабона дар ҳама нукот мисли шабҳои гузашта сард ва рӯзона гарм хоҳад буд. Ҳаво танҳо дар баъзе манотиқи ВМКБ шабона хеле сард аст. Шанбешаби пойтахти кишвар низ ҳамоно то 2 дараҷа хунук эълон шудааст.
Дар шаҳри Душанбе туман ва ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво низ шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар навоҳии тобеъи марказ - ҳаво бебориш, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 10+15° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7, дар баъзе ноҳияҳо то -10 дараҷа сард, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд низ туман дар назар дошта шудааст, вале ҳаво бебориш аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад, дар баъзе ҳолатҳо шиддати вазиши бод аз 10 то ба 15 м/с мерасад. Дамои ҳаво шабона аз 1+1 дараҷа ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳе туман дорад. Вазиши бод аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд, дар баъзе ноҳияҳо бод бошиддаттар 10-15 м/с мевазад Дар водиҳои ин вилоят шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳаво бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти шарқ суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8-10 дараҷа хунук ва рӯзона 2+4° гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 22-24°, рӯзона 4-6 дараҷа хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ низ бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад. Шабона дар ноҳияҳои ҷудогонаи ин вилоят сардии ҳаво баъзан аз 30 то 35 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Бохтар бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад
Дар ш. Кӯлоб низ бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1+3 гарм, рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво бебориш аст, дар баъзе ноҳияҳо туман меояд. Шамол аз самти шарқ суръати 4-9 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
--------------------------------------------------------------
Моро дар Телеграмма пайгирӣ кунед
https://t.me/khftj
--------------------------------------------------------------