Дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳо аз сӯхтори марговаре дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттило дода буданд. Тибқи шарҳи расмӣ дар ин оташсӯзӣ, ки сабабҳои он ҳоло пурра таҳқиқ нашудааст, се ноболиғ ҷон бохтанд. Падари хонадон бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ шуд. Ҷузъиёти дигар тӯли рӯз ироа мешавад. Шарҳи расмии ҳодиса чунин аст:
Тибқи маълумоти сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар ноҳияи Б.Ғафуров субҳи бармаҳал (соати 05:32)- и рӯзи 27 ноябри соли равон ба қисми навбатдории фаврии Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумита хабар расид, ки дар кӯчаи Ором 1, ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Б.Ғафуров дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Ортиқов Нодирҷон соли таваллудаш 1987 сӯхтор ба амал омад. Дар натиҷаи сӯхтор соҳибхона Ортиқов Нодирҷон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ карда шуд.
Мутаассифона, бар асари ин сӯхтор 3 нафар кӯдаки ноболиғаш Бонуҷони 3-сола, Инобати 4-сола ва Шукруллои 6-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҳаҷми сӯхтор 20 м2-ро ташкил дод.
Омили сар задани сӯхтор ва мизони зарари он таҳқиқ мешавад.
--------------------------------------------------------------
Моро дар Телеграмма пайгирӣ кунед
https://t.me/khftj
--------------------------------------------------------------