Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар вилояти Суғд дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ид ва ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2019-2021 озмуни “Беҳтарин кадбону” баргузор гардид.
Озмун аз якчанд шарт, аз ҷумла, омода намудани таомҳои миллии “Оши палав”, “Шакароб”, таомҳо аз каду, қаннодиву ҳалвопазӣ иборат буд. Ҳар кадоме кўшиш мекард, ки ҳарчи хубтару беҳтар моҳирона аз ўҳдаи шартҳои озмун барояд. Натиҷаҳои озмун нишон дод, ки бонувони Раёсат аз урфу одатҳои миллӣ арзишҳои ниёгон дур нестанд.
Инчунин дар баробари гузаронидани ин чорабиниҳо иди каду ва иди асал низ гузаронида шудаанд.
Дар охир аз тарафи муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ подполковник Собирзода Ширинҷон Собир озмун натиҷагирӣ гардида, ғолибон муайян карда шуданд.
Ҷои аввал барои пӯхтани “Оши палав” ба майор Адолат Карамхудоева ва лейтенант Бутаева Шаҳзода, ҷои дуюм барои омода намудани таомҳои миллӣ бо каду ба сержант Ҳангома Шарипова ва ҷои сеюм барои омода намудани маҳсулоти каннодӣ ба капитан Мавзуна Шодиева сазовор дониста шуданд. Ғолибон ва иштирокдорони фаъол бо тўхфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаи сардори Раёсат қадрдонӣ карда шуданд.
Дар итмом бахши фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барномаи фарҳангиро ба ширкаткунандагон пешкаш намуданд.