Чаро камбориш? Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба ҷуз чанд минтақа дар ноҳияҳои тобеъи марказ ва ВМКБ дигар дар кулли қаламрави кишвар ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Дамои ҳаво аз рӯзҳои пешин гармтар ҳам шуда бошад, вале ин тағйирот чандон назаррас нест. Ба сурати умум борону барфи рӯзҳои пеш барои рӯзҳои оянда дар назар дошта нашудааст.
Дар шаҳри Душанбе аз борону барф хабаре нест, аммо гуфта мешавад, ки каме туман хоҳад дошт. Вазиши шамоли ғарбӣ ба шарқӣ табдил шуд ва дамои ҳаво низ шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар навоҳии тобеъи марказ - низ ҳаво тақрибан бебориш аст. Аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳе борон меборад, дар баланкӯҳҳо барф низ меояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад. Аммо дар баъзе ноҳияҳои ин минтақа сардии ҳавои шабона ба 10 дараҷа мерасад, рӯзона 0+5 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Хуҷанд низ туман дар назар дошта шудааст, вале ҳаво бебориш аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳаво гоҳ-гоҳе туман дорад. Вазиши бод аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд. Дар водиҳои ин вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳаво абрист, борон ва баъзан барф ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 6+8° гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 11-13°, рӯзона 3-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ низ ҳаво пурабр мешавад, дар ноҳияҳои ҷудогона борону барф ҳам дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад, дар шарқи вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук, рӯзона аз 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Бохтар ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад
Дар ш. Кӯлоб низ бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 2+4, рӯзона 7+9° гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво бебориш аст, дар баъзе ноҳияҳо туман меояд. Шамол аз самти шарқ суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.