Ҳавои рӯзи якшанбеи кишвар боз ҳам боронист. Ба назар мерасад як каме аз бориш мондани ҳаво муваққатӣ буд ва рӯзи якшанбе мо боз шоҳиди борон ва барф хоҳем буд. Албатта, на чун рӯзи ҷумъаи гузашта. Ва сардии ҳаво ҳам тибқи иттилои Агентии ҳавошиносӣ боқӣ мемонад.
Дар шаҳри Душанбе борону барфи пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 1 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзона 2+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи марказ - низ ҳавои сербориш (борон ва барф) дар назар дошта шудааст. дар баъзе ноҳияҳо барфу борон пуршиддат меборанд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дарҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд низ барфу борон ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо аз 13 то 18 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 2 то 4° гарм хоҳад буд.
Ҳавои вилояти Суғд низ боронист, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Вазиши бод аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар сония хоҳад буд, аммо дар нооҳияҳои алоҳида аз 13 то 18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳои ин вилоят шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ низ абрист, борон ва баъзан барф ҳам меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5° гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб барфи суст меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 11-13°, рӯзона 1-3 дараҷа хунук мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ низ ҳаво пурабр мешавад, дар ноҳияҳои ҷудогона борону барф ҳам дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад, дар шарқи вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук, рӯзона аз 0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар шаҳри Бохтар баъзан борон асту баъзан барф меборад. 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм, рӯзона рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад
Дар ш. Кӯлоб низ ҳаво абрнок аст, гоҳ борону гоҳ барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 1+3, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист, баъзан борон ва гоҳе барф меборад, дар баъзе ноҳияҳо бориши пуршиддати барфу борон ҳам пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с ва баъза аз 13 то 18 м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 + 6 дараҷа рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 5 дараҷа гарм мешавад.