22-юми ноябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи Бахши Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ, воқеъ дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи навбатӣ оиди коҳиши хатари офатҳо дар фасли зимистон аз ҳисоби волонтёрон-гурӯҳои посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқулодда CERT гузаронида шуд.
Дар маҷлиси мазкур Роҳбари Бахши ҳолатҳои фавқулоддаи Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ дар ВМКБ Абдулҳамид Ғиёсов, Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ подполковник Наим Мираков ва Роҳбари Бахши ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хоруғ майор Умед Тутишоев иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодагии доимӣ аз ҳисоби волонтёрон ва саривақт иҷро намудани талаботҳо ва муроҷиатҳои Раёсати Кумитаи ҲФ ва МГ дар ВМКБ дар вақтҳои зарурӣ мавриди баҳс қарор дода шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа сӯҳбати ошкоро доир гардид, ки дар он намояндагони Бахши Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ барои ҳамкориҳои доимӣ ба Раёсатҳои дахлдор дар паст кардани хатарҳо изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар навбати худ Сардори Раёсати вилоят барои волонтёрон оид ба то расидани кормандони расмӣ ба ҷойҳои ҳодиса, расонидани кумакҳои аввалиндараҷа тавсияҳо дод.
Инчунин дар ҷаласа намояндагон аз ҳисоби Раисони Ҷамоату шаҳрак ва маҳаллаҳо иштироки фаъол дошта дар коҳиши хатари офатҳо ва сари вақт пешгирӣ намудани ҳолатҳои фавқулодда ибрози назар карданд. Ҷаласа чунин қарор қабул намуд, ки минбаъд ҳар моҳ нишастҳо оиди коҳиши хатари офатҳо гузаронида шуда, дар он ҳамаи сохторҳои марбута ба он ҷалб карда шаванд.
Ш. Маставлиев, сардори бахши
робита бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи
ҲФ ва МГ дар ВМКБ,
лейтенанти хурд.