Ҳавои рӯзи ҷумъа дар сар то сари кишвар абрӣ, боронӣ ва барфист. Агентии ҳавошиносӣ дар гузоришаш оварда, ки боронҳо дар кулли мавридҳо ба барфи тар табдил мешаванд. Ва ин масъулияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ронандагони муҳтарамро аз эҳтиёт дар сафарҳои дурашон ҳушдор диҳад. Дар аксари роҳҳои кӯҳӣ борону барфу туман пешгӯӣ мешавад ва эҳтиёт хеле шарт аст, то ҷони худ ва ҳамсафарони худро аз хатари эҳтимолӣ эмин доранд.
Ва шаҳрвандону меҳмонони кишвар низ дар ин гуна боду ҳаво талош кунанд аз иҷрои корҳои саҳро, шикор ва ғайра худдорӣ варзанд. Ва вазъи боду ҳаво дар кишвар ба ин сурат хоҳад буд:
ш. Душанбе- Ҳавои абрнок, борон гузариш ба барфи тар, дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар НТМ - Ҳавои абрнок, борон, (дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо гузариш ба барфи тар, дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф) дар ноҳияҳо алоҳида бошиддат ва пуршиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳо алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 гарм, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3, рӯзона -1+4 мешавад.
22-уми ноябр дар Душанбе ҳаво абрист, борон ба барфи тар табдил мешавад ва ҳолатҳое ҳам шиддати туман эҳсос мешавад. Ҳавои нимторику боронӣ. Чунин аст ба як ҷумла манзараи рӯзи ояндаи пойтахт. Шамолаш ҳам сард аст, аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Шабона аз 2 то 4 дараҷа ва рӯзона аз 3 то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи марказ низ ҳамчунон ҳавои абрӣ дар назар аст, борон меборад, баъзан бошиддат ва баъзан ба барфи тар табдил мешавад. Дар баландиҳои бештар аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Туман муҳитро нимторик мекунад, сардии ҳаво беш аз ҳар вақти дигар эҳсос мешавад. Суръати шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад, аммо дар навоҳии алоҳида вазиши бод шиддат мегирад ва суръати он баъзан ба 10 то 15 метр дар як сония мерсад. Шабона дар водиҳо аз 0 то 5 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 то 4 ва рӯзона аз 3 то 5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд низ ҳаво абрист, борон табдил ба барф мешавад, туман мефарояд. Шамолаш аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо аз 10 то 15 метр дар як сония мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1+3 дараҷа, рӯзона аз 2 то 4° гарм хоҳад буд.
Ҳавои вилояти Суғд ҳаво абрӣ, борон меборад ва гоҳе дар баъзе навоҳӣ ин борон табдил ба барфи тар мешавад, туман ҳам осмонро гоҳ мепечад ва гоҳе раҳо мекунад. Вазиши бод аз самти ғарб бо суръати 3-8, ва дар баъзе навоҳӣ аз 10-15 м дар сония хоҳад буд. Дар водиҳои ин вилоят шабона 0+5°, рӯзона 1+6° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ низ абрист, борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа ва рӯзон 4+6° гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияи Мурғоб барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 5-7° сард, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дарҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм, рӯзон 1+6 дараҷа гарм мешавад, дар шарқи вилоят шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа сард то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, борон (дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо бо гузариш ба барфи тар, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ барф), дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат ва пуршиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 1+6 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона -1+4° мешавад.
Дар шаҳри Бохтар ҳаво абрӣ хоҳад буд, боронаш ба барф табдил мешавад, туман мефарояд. Шамол аз сати ғарб бо суръати 4-9 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 2+4°, рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.
ш. Кӯлоб – Ҳавои абрӣ, борон меборад ва баъдан барф, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 1 то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист ва борон меборад, дар баъзе ноҳияҳо ин борон табдил ба барфи тар мешавад. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона ва рӯзона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм мешавад.