Обу ҳавои рӯзи 20-уми ноябр, чоршанбе: сардиҳои аввалин, боронҳои кутоҳмуддат

Ҳамчуноне таъкид шуда буд, Агентии ҳавошиносии кишвар аз рӯзи 20-уми ноябр дар сар то сари кишвар ҳавои борониро пешгӯӣ кард. Тавре аз маълумоти ин манбаъ дида мешавад, дуюмин бор дар моҳи ноябр ҳаво рӯ ба сардӣ меорад ва пагоҳ бегоҳ дар аксар манотиқи кишвар борони кутоҳмуддат меборад.

20-уми ноябр осмони шаҳри  Душанбе абрӣ, охири рӯз борони кутоҳмуддат меборад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.  Шабона аз 3 то 5 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 17 дараҷа гарм мешавад.

Дар навоҳии тобеъи марказ низ осмон ҳачунон абрӣ, дар баъзе ноҳияҳо борон ва шабона дар баландиҳо бештар аз 2 ҳазор метр аз сатҳи баҳр барф меборад.  Суръати шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Шабона дар водиҳо аз 2 то 7 дараҷа ва рӯзона аз 12 то 17 дараҷа гарм мешавад, дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад буд.   Рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво абрӣ, чун дар Душанбе дар Хуҷанд низ охири рӯз каме борон меборад.  Бод аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб аз 3 то 8 метр андар сония мевазад.  Дамои ҳаво ҳаво шабона аз 5+7 дараҷа, рӯзона аз 13 то 15° гарм хоҳад буд. 

Ҳавои вилояти Суғд  абрӣ ва гоҳе ҳам дар баъзе ноҳияҳо боронӣ, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад.   Вазиши бод аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м дар сония аст, аммо дар баъзе ноҳияҳо шамол шиддат мегирад ва аз 13 то 18 м/с мевазад. Дар водиҳои ин вилоят шабона 4+9°, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз сифр то 5 дараҷа  хунук, рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ  низ ҳаво абрист. Ҳолатҳои борон меборад ва баъзан ин борон табдил ба барф мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо бо гузариш ба ғарб суръати 7-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2 дараҷа ва рӯзон 11+13° гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳаво бебориш нахоҳад буд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 11-13° сард, рӯзона 0+2° дараҷа гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ   ҳавои абрӣ дар назар дошта шудааст, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баъзеи дигар барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва дар  шарқи вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм мешавад.  

Дар шаҳри Бохтар ҳаво абрӣ хоҳад буд, поёни рӯз дар  баъзе ҳолатҳо борон меборад.  Шамол аз сати шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 3+5°, рӯзона 14+16 дараҷа гарм мешавад. 

ш. Кӯлоб – Ҳавои абрӣ, поёни рӯз баъзан борон меборад.  Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 3 то 5 дарҷа гарм ва рӯзона 14+16° гарм мешавад.   

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво абрист ва бегоҳӣ дар баъзе навоҳӣ борон меборад.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 3+8°, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  3+8°, рӯзона  9+14° гарм мешавад

барчасп: