Сардиҳо ва барфу борони се рӯзи оянда

Агентии ҳавошиносии кишвар бо пахши як эълон сокинон ва меҳмононро аз сардии ногаҳонӣ ва тағйири ҳаво ҳушдор додааст. Ин ниҳод мегӯяд тағйири дамои ҳаво бар асари ҳаракати дамои сарди арктикӣ воқеъ мешавад.  Тағйири ҳаво аз рӯзи 20-уми ноябр шуруъ мешавад ва бино ба ҳамин маълумот рӯзи 21 ноябр дар аксар манотиқи кишвар борон меборад ва ин борон дар доманакӯҳҳо ба ва ноҳияҳои кӯҳистонӣ ба барфи тар мубаддал мешавад.

 Ин манбаъ таъкид кардааст, ки ҳавои барфиву боронӣ дар кишвар эҳтимолан то рӯзи 23-ум боқӣ мемонад.

Дар маълумотномаи Агентии ҳавошиносии кишвар мехонем, ки рӯзҳои 21-22 ноябри соли равон дар бештари ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ борон ва барфи тар дар назар дошта шудааст.  Дар ин рӯзҳо дамои ҳаво низ сард хоҳад буд. 

Табиист, ки бориши борону барф ва поин рафтани дамои ҳаво роҳҳои мошингардро бахусус дар қисмати куҳистонии мамлакат душворгузар мекунад. Дар ин рӯзҳо дар аксар минтақаҳо омадани туман эҳтимол дорад ва ҳолате ҳам метавонад пеш ояд, ки аз 200 то 500 метр дуртар дида нашавад. 

Рӯзҳои 24 то 26 ноябри соли ҷорӣ ҳаво соф мешавад, дар саросари кишвар офтоб дубора нурпошӣ мекунад, сардиҳои пешин ба дамои гармтар табдил мешаванд. Аммо гармии баъди борону барф шабҳои сард дорад, дар водиҳо ҳаво аз 0 то 5 дараҷа хунук мешавад, ин сардӣ дар доманакӯҳҳо аз 3 то 8 дараҷаро дар бар мегирад, дар минтақаҳои кӯҳӣ аз 5-100,  дар ноҳияҳои баландкӯҳ сардии ҳаво аз 20 то ба 25 дараҷа мерасад.

Гуфтанист, ки ноустувории ҳаво боиси тағйири фишори атмосферӣ мешавад ва    ба бемороне, ки аз болоравии фишор ранҷ мебаранд, дарди дил доранд, мубтало ба бемории қанд ҳастанд, таъсир мерасонанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд. Аз роҳандозии корҳои саҳро, рафтан ба шикоргоҳ пайи шикор, моҳидорӣ, омода кардани ҳезум, молчаронӣ худдорӣ намоянд.

Рондагон дар рӯзҳои боронӣ ҷиддан қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя ва аз боло бурдани суръати ҳаракат худдорӣ намоянд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони хешро дар хатар наяндозанд. 

барчасп: