Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он чорабиниҳои идона бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир шуданд, ки дар он роҳбарон, ҳайати шахсӣ, сафирон ва сарварони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат намуданд.
Чунончӣ, бахшида ба Рӯзи Президент ва дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ 15 ноябри соли равон дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ бо ҷалби воҳидҳои низомии гарнизони ҳарбии КҲФ дар шаҳри Душанбе, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва корпуси дипломатӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалие, ки дар ҷумҳурии мо фаъолият доранд фестивал-намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид. Аз ҷониби кормандони Кумита асбобҳои мусиқӣ, гулдӯзӣ, кулолӣ ва таомҳои гуногун омода карда шуданд. Кормандони идораи наҷоти кишвар меҳмононро бо суруду рақс, либосҳои рангоранг ва таомҳои лазизи миллӣ шинос ва хушнуд карданд.
16 ноябри соли 2019 дар Дастгоҳи Марказии КҲФ ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир шуд. Дар бораи нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол муовини якуми Раиси КҲФ, генерал-лейтенант Рустам Шоҳиён суханрон кард. Вай қайд намуд, ки таърихи навини икшвари мо бо номи Пешвои миллат алоқаи ногусастанӣ дорад.
«Истеъдод ва устувории стратегии ӯ дар дастёбӣ ба ҳадаф омили аслии рушди ҳамарӯзии кишвари мо гашт. Таҳти роҳбарии ӯ ислоҳоти васеъмиқёси иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ амалӣ карда шуданд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дӯстдори сулҳ шӯҳрат ва нуфузи ҷаҳонӣ касб кард ва модели беназири таҳаммулро ташаккул дод, ки сарват ва мероси асосии онҳо ҳамбастагии иҷтимоӣ ва ваҳдати мардум аст ",-г уфт ӯ.
Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи воҳидҳои сохтории КҲФ роҳандозӣ мешаванд ва дар ин тадорукот ҳамзамон маросимҳои эътои мукофотҳои идоравӣ низ мегузаранд.