Дар маҷлисгоҳи бахши муҳити зистии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо ҳузури Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода, аъзои комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, мудирони шўъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, воҳидҳои зерсохтор, намояндагони соҳаи молия, маориф, тандурустӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъул ҷаласаи комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Дар ҷаласа фаъолияти Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар давоми даҳ моҳи соли 2019 ҷамъбаст ва таҳлил гардид. Доир ба фаъолияти комиссия дар ин давра сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон майор Ҳикматулло Амонов маърўза намуда, доир ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулодда, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта, ҷараёни омодагӣ давраи зимистон барои солҳои 2019-2020 маърӯза намуд. Таваҷҷуҳи масъулини як қатор ташкилоту корхонаҳоро ба самти паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуш, инчунин вобаста ба омодагии шаҳри Гулистон ба фасли зимистон захираи маводи сӯхт (ангишт, ҳезум), таҳкими корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолии дар минтақаҳои хавфнок ҷойгирбуда, корбарии мунтазам дар самти огоҳонии аҳолӣ ҷалб намуд.
Дар ҷаласа инчунин самтҳои асосии Стратегияи миллии паст кардани хатари офатҳои табиӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Шоҳзода Бутаева,
сардори бахши кор бо ҷомеаи
Раёсат, лейтенант