Агентии ҳавошиносии кишвар дар охирин иттилои худ ҳавои кишварро дар маҷмуъ муътадил арзёбӣ кардааст. Рӯзи 15-уми ноябр танҳо дар баъзе ноҳияҳо борон ва гоҳе шабона барфи тар (дар шаҳри Хоруғ) меборад. Туман низ гоҳ-гоҳе дар баъзе манотиқ меояд ва дар умум ҳаво бебориш, вале гоҳ абриву гоҳ офтобист.
15-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд, аммо дар ҳолатҳое туман ҳам мушоҳида мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорат шабона 2+4°, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Боз ҳам чун дар шаҳри Душанбе гоҳ-гоҳе дар баъзе ноҳияҳо омадани туман дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1+6°, рӯзона 12-17 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ дамои ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво бебориш хоҳад буд, вале чун дар шаҳри Душанбе дар Хуҷанд низ туман мефарояд. Шамолаш шарқист, суръати вазиши он аз 2 то 7 метр дар як сония. Дамои ҳаво ҳаво шабона 0+2°, рӯзона 14+16° гарм хоҳад буд.
Дар вилояти Суғд ҳавои камабр ва бебориш пешӯӣ шуда, омадани туман дар баъзе ноҳияҳо дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 72+12 дараҷа гарм хоҳад буд.
Ҳавои шаҳри Хоруғ гоҳ-гоҳе борон меборад ва шабона аз боридани барфи тар ҳам хабар дода мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона аз 0+2 ва рӯзона 11+13° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб низ ҳаво бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона 11-13° сард, рӯзона 0+2° дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ гоҳ-гоҳе боридани борон дар назар дошта шудааст, баъзан барф ҳам меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Дамои ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм, рӯзона 9+14° гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 9 то 14 хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар бориш намешавад, аммо гоҳ-гоҳе дар баъзе ноҳияҳо тумани тунук мефарояд. Дамои ҳаво шабона 4+6°, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.
ш. Кӯлоб – Ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Дамои ҳаво шабона аз 3 то 5 дарҷа гарм ва рӯзона 14+16° гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон баъзан борон меборад, дар ноҳияҳои доманакӯҳ гоҳе борони суст меборад ва туман ҳам мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дамои ҳаво дар водиҳо шабона 9+9°, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6°, рӯзона 7+2° гарм мешавад.