12 ноябри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мавзуъи суҳбат татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва “Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин” буд.
Ҳусейн Шокиров – сардори раёсати иттиҳодяҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ифтитоҳ кард ва гуфт, ки Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин моҳи апрели соли 2018 қабул гардид ва он ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти дин бо назардошти манфиатҳои миллии кишвар танзим мекунад.
Сармутахассиси раёсати Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Алиев дар суханрони худ ба муҳиму сари вақт будани қабули Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" чун яке аз рӯйдодҳои таърихии соҳибистиқлолии мо таъкид кард ва аз натиҷаҳои мусбат ва самароварии он ба ҳаёти ҳар сокини кишвар изҳори назар намуд.
Дар охири мулоқот миёни суханронон ва ҳайати шахсии КҲФ оид ба Қонуни ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Консепсияи сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин табодули афкор сурат гирифт. Ширкаткунандагон як силсила пешниҳодҳои судмандеро ҳам дар ин замина ироа доштанд.