Иштироки Пешвои миллат дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ

12 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ, ки дар мавзеи Ла-Виллет баргузор гардид, иштирок карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои иштирокчиро Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон истиқбол гирифт.

Мавриди зикр аст, ки Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ - иттиҳодияи мустақил ва ғайритиҷоратӣ мебошад. Он ҳамчун платформаи ҷаҳонии муҳокимарониҳои сатҳи баланд тариқи пешбурди муколамаи мустақим миёни шахсони расмӣ ва намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ доир гардид.

Иштирокчиён роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз, ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯҳо, табодули андеша карданд.

Дар форуми навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ беш аз 30 роҳбари давлату ҳукуматҳо аз кишварҳои Аврупову Амрико ва Осиёву Африка ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми кишварҳои дунё иштирок карданд.

Дар доираи ин чорабинӣ ҳамасола лоиҳаҳо ва консепсияву ташаббусҳо муаррифӣ хоҳанд шуд, ки ба таъмини мусоидати мушаххас ба ҳамкориҳои густурдаи байналмилалӣ оид ба масоили глобалӣ, рушди ҷаҳонишавии одилона ва низоми муассиртари бисёрҷониба нигаронида шудаанд.

Кори Форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 6 бахши мавзӯии сулҳ ва амният, муҳити зист, рушд, технологияҳои нав, иқтисоди иклюзивӣ, фарҳанг ва маорифро дар бар гирифта, 150 лоиҳаи пешниҳодшуда баррасӣ мегардад.

Дар доираи кори Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Форуми сулҳи Париж, Директори фахрии пажӯҳишгоҳи таҳқиқотии “Аврупои мо” ҷаноби Паскал Ламӣ, Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон, Президенти Кипр Никос Анастасиадес, Президенти Комиссияи Аврупо хонум Урсула фон дер Ляйн мулоқот карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба таъмини сулҳу амният, ҳифзи муҳити зист, рушди соҳаҳои гуногуни барои ҷонибҳо манфиатовар, муносибатҳои ҳамкории дуҷониба ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Манбаъ: Сомонаи Президенти ҶТ

барчасп: