Обу ҳавои рӯзи чоршанбе, 13-уми ноябр

Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои рӯзи 13 ноябрро аслан офтобӣ гуфтааст. Танҳо дар баъзе минтақаҳо борони кутоҳмуддат меборад. Ҳарорат мисли рӯзи 12-ум аст. Ба фарқ аз имрӯз рӯзи 13-ум бод суръати худро коҳиш медиҳад, ки инро дар зер хоҳед хонд. 

13-уми ноябр дар шаҳри  Душанбе ҳаво бебориш хоҳад буд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад.  Ҳарорат шабона  1+3°, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Вазиши шамол аз самти шарқ  бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0+5°, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  --3+2°  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тайирёбандаи бебориш.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2°, рӯзона 13+15° гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд  бориш намешавад, Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона  12+17° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  1 - 6° сард, рӯзона 6+11° гарм мешавад.         

Ҳавои шаҳри Хоруғ  бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона  0+2°, рӯзона 12+14° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда ва беборишоти назаррас. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13-15° сард, рӯзона -1+1° гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ   ҳавои бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона  - 4+1°, рӯзона 10+15° гарм, дар шарқи вилоят шабона 13 - 18° сард, рӯзона -3+2° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар баъзе ҳолатҳо борон меборад, Шабона 2+4°, рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

ш. Кӯлоб – Ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3, рӯзона 14+16° гарм мешавад.   

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон баъзан борон меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 13+18 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона  -1+4°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

барчасп: