5 ноябри соли 2019 сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конфедератсияи Швейтсария оғоз гардид. Меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Конфедератсияи Швейтсария муҳтарам Ули Маурер гарму самимӣ пешвоз гирифт
Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар мулоқоти васеъ бо ширкати ҳайатҳои Тоҷикистон ва Швейтсария сурат гирифт. Ҷонибҳо дар ҷараёни ин дидор, ки дар фазои дӯстона ва ҳамдигарфаҳмӣ гузашт, маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, густариши равобит миёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар поёни мулоқоти сатҳи олӣ ҷонибҳо бо ширкати Сарварони ду кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ули Маурера санадҳои нави ҳамкориҳо имзо намуданд:
- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.