Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон барои рӯзҳои оянда ҳавои ноустуворро пешбинӣ мекунад. Борон, барф дар баландкӯҳҳо, боди сахту баъзан вайронгар ва ғайра. Аз ҷумла:
5-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорат шабона 4+6°, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои ҳавои тағйирёбандаву пурабр, борон ва дар баъзе ноҳияҳо борони пуршиддат (дар баландиҳои бештар аз 1500 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад, баъзе ноҳияҳоро туман фаро мегирад. Вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3+8°, рӯзона 6-11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона – 1+4°, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои абрнок, борон ва баъзан шабона ин борон ба барфи тар мубаддал мешавад. Рӯзони борони зиёд намеборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4°, рӯзона 7+9° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад ва дар қисм ате аз навоҳии вилоят туман низ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6°, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳавои абрӣ, борон меборад ва баъзан борон шиддат мегирад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6°, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои абрӣ, борону барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 8-10° сард, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои абрӣ, дар баъзе ноҳияҳо барфу борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+ 7°, рӯзона 6+11° гарм, дар шарқи вилоят шабона 7 - 12° сард, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои абрӣ бо боронҳои кутоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 6+8°, рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои абрӣ, борони кутоҳмуддат меборад Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5+7°, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон низ ҳавои абрӣ ва дар баъзе ноҳияҳо боронҳои кутоҳмуддат, шабона дар бахше аз навоҳӣ борони пуршиддат меборад, дар баландиҳо зиёда аз 1200 метр барфи тар меборад, ту ман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 7+12 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5° гарм, рӯзона 2+7° гарм мешавад.