Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон рӯзи якшанбе дар саросари Тоҷикистон ҳавои рӯзи шанбе тақрибан боқӣ мемонад. Барф аҳён-аҳён меборад, бориши борон низ назар ба як рӯзи пеш камтар мешавад. Вале ҳарорати ҳаво кам тағйир меёбад.
2-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорат шабона 8+9°, рӯзона 19+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои ҳавои тағйирёбанда ва бебориш.дар баъзе ноҳия туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10°, рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10°, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1 + 4 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тағйирёбанда, шабона кам-кам борон меборад, рӯзона бориш намешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9°, рӯзона 18+20° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6-11°, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбанда ва шабона дар баъзе ҳолатҳо борони кутоҳмуддат ва барфи тар меборад, рӯзона бориш намешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3°, рӯзона 12+14° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бориши назаррасе надорад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10-12° сард, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва баъзан барф ҳам меборад, аммо рӯз бебориш мегузарад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+ 4°, рӯзона 10+15° гарм, дар шарқи вилоят шабона 9 - 14° сард, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои тағйирёбанда, бориш чандон назаррас нест. Ҳаво шабона 11+13°, рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12°, рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар доманакӯҳҳо туман суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9+14° гарм, рӯзона 21+26 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12° гарм, рӯзона 17+22° гарм мешавад.