Тибқи маълумоти рӯзи шанбе дар саросари Тоҷикистон сардии ҳаво ва боронҳо боқӣ мемонанд. Дар м интақаҳои баландкӯҳ барф меборад, шамоли сахту сахд дар кулли кишвар дар назар дошта шудааст.
2-уми ноябр дар шаҳри Душанбе ҳаво абрист, рӯзона бориши ками борон, аммо шабонгаҳон борони бештар меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорат шабона 7+9°, рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳаво абрӣ. Бориши барф шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр низ имкон дорад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 5+10°, рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5°, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳавои тағйирёбанда, шабона кам-кам борон меборад, рӯзона бориш намешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9°, рӯзона 18+20° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6+11°, рӯзона 15+20° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбанда ва дар баъзе ҳолатҳо борони кутоҳмуддат меборад, рӯзона бориш намешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3°, рӯзона 12+14° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб ҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бориши назаррасе надорад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10-12° сард, рӯзона 3+5° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон ва баъзан барф ҳам меборад, аммо рӯз бебориш мегузарад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+ 4°, рӯзона 10+15° гарм, дар шарқи вилоят шабона 9 - 14° сард, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона дар баъзе ноҳияҳо борон борида, рӯзона бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар доманакӯҳҳо туман суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9+14° гарм, рӯзона 21+26 гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12° гарм, рӯзона 17+22° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар низ ҳавои тағйирёбанда, бориш чандон назаррас нест. Ҳаво шабона 11+13°, рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 10+12°, рӯзона 23+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шудааст. Шабона дар баъзе ноҳия борон меборад, дар доманакӯҳҳо туман мефарояд.Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9+14°, рӯзона 21+26° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12°, рӯзона 17+22° гарм мешавад.