августа 2021

Covid-19: Сироятшудагон дар олам аз 203 миллион гузашт

Шумори мубталоён дар коронавирус дар олам шоми рӯзи гузашта  203 миллиону 379 ҳазору 417 нафар эълон шуд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон низ омори тозаи гирифторон ва фавтидагонро эълон намуд. Бино ба гузориши ин вазорат шабонрӯзи гузашта дар Тоҷикистон 68 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст ва теъдоди умумии мубталоён аз аввали ҳамагирӣ ба

Сӯхтори ҷангал дар олам: Юнон, Русия, Туркия, Булғористон...дар миёни оташи ҷангал (ВИДЕО)

Аз ҷазираҳои Эвбея, ки як сарзамини сайёҳӣ дар Юнон  ва баъди ҷазираи Кирит дуюмин калонтарин ҷазираҳои ин кишвар мебошад, беш аз 2000 нафар ба сабаби авҷи сӯхторҳои шадиди ҷангал бо киштӣ ба маҳалҳои амнтар интиқол дода шуданд. Сӯхторе, ки тобистон дар ҷануби Аврупо сар зад, дар Юнон ба шиддат идома дорад. Аз густариши майдони ин сӯхторҳо дар ҷангалҳои Ёқутистони Русия ва мамолики дигар низ низ гузоришҳои зиёд мерасанд.

Садамаи маргбор дар роҳи Хуҷанд Масчо (ВИДЕО)

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 8-уми август, тахминан соати 04:05 дақиқаи субҳ дар километри 326-уми шоҳроҳи Хуҷанд-Мастчоҳ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Автомашинаи тамғаи Daewoo Labo, ки ба як шаҳрванди 21-солаи...

Вулканҳои манзумаи Хуршедӣ. Онҳо аз вулқонҳои заминӣ чӣ тафовут доранд?

Ковишгари байнисайёравии Juno чанде пештар як вулқони эҳсосшаванда дар Муштарӣ (панҷумин сайёра дар манзумаи Шамсӣ)-ро кашф кард.  Муштарӣ аз ҷумлаи сайёраҳои фаъол аст, вале аз нигоҳи оташфишонӣ дар манзумаи Хуршедӣ сайёраи ягона нест. Олимон то кунун садҳо вулқонҳоро дар дигар сайёраҳо мушоҳидаву кашф кардаанд, хабар дода буд  Live Science.

КОВИД-19: Хушбиниҳо ва изтироби сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ. Як пиразани 106-солаи покистонӣ аз навъи Делта шифо ёфтааст

Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор дошт, ки ваксинатсия дар кутоҳмуддат дар мубориза бо КОВИД-19 амалан кумак расонд, аммо новобаста ба ин инсоният “ба давраи хатари амалӣ” ворид шуд. Сарвари ин созмони умумҷаҳонӣ дирӯз дар як брифинги матбуотӣ дар Женева ин гуна изҳори назар кард.
Агентии миллии назорати беҳдоштии (Anvisa) Бразилия ягон

Соле пеш дар ҳамин рӯз. Баҳром Ғафурӣ – сарояндаи маъруфи кишвар дар садамаи мошин ҷон бохт

Субҳи бармаҳали  7 - уми августи соли 2020 тахминан соати 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст. Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд.

ФАВРӢ: Сайёҳон ва захмиёни чархболи суқуткарда ба Душанбе оварда шуданд

6 – уми августи соли равон бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар гардишгарони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.
Дар айни замон имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

14 хонавода аз 41 хонаводае, ки манзилашон дар сели рӯзи 11 май хароб шуда буд, ба хонаҳои нав кӯчиданд

Рӯзи гузашта, 5-уми август Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сокинони 14 хонаи навро ба муносибати ба анҷом расидани сохтмони хонаҳояшон шодбош гуфт ва килиди манзилҳои навро ба соҳибонашон супурд.

Рӯзи 11 майи соли равон як сели харобкор 41 хонаи истиқоматиро дар дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш харобу валангор

Оё ҳавои номусоид метавонад раванди таърихро тағйир диҳад?

Суол ба таърихи иртибот дорад. Ҳавои номусоид ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ. Ва то куҷо боду ҳавои борониву офатҳои дигари табиӣ сабаби хароб шудани тарҳҳои ҷангии бузург шудаанд.

"Обу ҳаво таърих месозад” - чунин ном дорад китоби Роналд Де Гарсте. Ин китоб дар бораи фалокатҳои табиие нақл мекунад, ки ба ҷараёни таърихи башар, ҳаракати қувваҳои...

Ҷасади духтари 17-солаи ғарқшуда дар Вахш як километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон тахминан соати 16:00 рӯзи 5-уми август баъди ҷустуҷӯҳои қариб якҳафтаина билохира ҷасади навраси ғарқшуда дар дарёи Вахш пайдо шуд.

Ин духтари 17-сола сокини деҳаи Гулшани ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор буд, ки рӯзи 30-уми июл дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозӣ

Сел дар Амондараи Панҷекат як нафарро ҳалок кард. Ҳушдори Кумита аз эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар

Тибқи маълумоти афсари шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тахминан соати 17:30 дақиқаии рӯзи 5-уми август бар асари борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Амондара сел омад.

Ин сел ба се ҳавлии сокинони деҳаи Амондара лойоба ворид кард.

Гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 201 миллион наздик шудааст. Чин вуруду хуруҷро дубора манъ кард

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам ба 200 миллиону 815 ҳазору 159 нафар расид. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифтрон ба  Covid-19 доранд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибан 93,4 дарсади сироятшудагон ба гунаи “Делта” сироят шудаанд.

Страницы