ФАВРӢ: Сайёҳон ва захмиёни чархболи суқуткарда ба Душанбе оварда шуданд

6 – уми августи соли равон бо кумаки чархболи МИ-8 нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 10 нафар – 6 нафар гардишгарони Русия, 2 нафар аз ҳайати экипажи чархболи суқуткарда ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик” ба шаҳри Душанбе оварда шуданд. Ҳамаи ин 10 нафар ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд.

Дар айни замон имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо кормандони қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои интиқоли ҷасади як халабони ҳалокшуда дар сарнагунии чархбол аз баландии 5000 метр аз сатҳи баҳр чораҳо меандешанд. 

Ёдовар мешавем, ки 4-уми августи соли равон як чархболи МИ-8 қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба кумаки сайёҳони Русия равон шуда буд. Ин гардишгарон ҳангоми боло шудан ба пиряхи Федченко дучори мушкил шуда буданд ва чархбол бо 5 сарнишин ба ёрии онҳо эъзом шуда буд. 

Аммо наздик ба соати 12:10 дақиқа чархбол аз назари радар нопадид шуд, ҳар гуна иртибот бо он қатъ гардид ва ба ягон дархост посух намедод. Баъдан маълум шуд, ки чархбол дар қаламрави пиряхи Хирсон, ки дар дараи Абдулқаҳҳори ноҳияи Ванҷ ҷойгир аст, дучори садама шудааст.

Дар ин садама як нафар ба ҳалокат расида, чор нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

барчасп: