Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор дошт, ки ваксинатсия дар кутоҳмуддат дар мубориза бо КОВИД-19 амалан кумак расонд, аммо новобаста ба ин инсоният “ба давраи хатари амалӣ” ворид шуд. Сарвари ин созмони умумҷаҳонӣ дирӯз дар як брифинги матбуотӣ дар Женева ин гуна изҳори назар кард.
Агентии миллии назорати беҳдоштии (Anvisa) Бразилия ягон қоидаи нави маҳдудкунандаи ворид кардани воксани русии «Спутник V»-ро ҷорӣ накардааст. Пештар аз ин ВАО-и ин кишвар истинодан ба сарони вилоятҳо аз ин гуна маҳдудиятҳо навишта буданд.
Ҳасин Бибии 106-сола аз Покистон баъди сироят ба гунаи Делтаи коронавирус ҳоло шифо ёфтааст. Ахиран аз бемористон ҷавоб шудани ин пирзан хабар дода шуд.
Дар Токио боз 29 сироятшудаи нав ба коронавирусро сабт карданд. Инҳо касоне будаанд, ки дар баргузории бозиҳои олимпиада масъулиятҳо доштанд. Аммо дар миёни ин 29 нафар ягон варзишгар нест. Аз аввали бозиҳои Олимпӣ дар ин шаҳ 382 мубталои нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар беморхонаҳои Гурҷистон ҷойи холӣ барои бистарӣ кардани беморони гирифтор ба КОВИД-19 намондааст.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия 22 660 сироятёфтаи навро сабт карданд. Шумори бештари мубталоёни нав дар шаҳрҳои Москав, Санк-Петербург ва Подмосковйе ба қайд гирифта шудааст. Дар ин кишвар зарфи 24 соати гузашта 792 нафар мубталоён ба коронавирус ҷон бохтанд.
Қазоқистон аз сирояти 618 513 нафар ва Ӯзбекистон аз гирифтории 134 826 нафар хабар доданд.
Шумори мубталоён ба коронавирус дар Тоҷикистон бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба 15 513 нафар расидааст.