Соле пеш дар ҳамин рӯз. Баҳром Ғафурӣ – сарояндаи маъруфи кишвар дар садамаи мошин ҷон бохт

Субҳи бармаҳали  7 - уми августи соли 2020 тахминан соати 04:16 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон дар шаҳри Душанбе хабар расид, ки дар кўчаи  Рудакӣ  106 ноҳияи И.Сомонӣ, садамаи нақлиёти рўх додааст. Соати 04:18 дақиқа Дастаи зудамали наҷоти Раёсат ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд.

Дар натиҷа муаян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ланкурузер» (200)  рақами давлатиаш 1991 КК 01ТҶ, аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба автомашинаи партовкаши тамғаи «Камаз»  бармехӯрад.

Бар асари ин бархурди мудҳиш як нафар мусофири он сарояндаи хушхону маъруф Баҳром Ғафурӣ ба ҳалокат расидааст. Дар ин садама ду нафари дигар: Зарипов Баҳодур ва Анварзода Ислом бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхонаи Қарияи Боло интиқол дода шудаанд.

Аз сари субҳ шабакаҳои иҷтимоӣ саропо ғарқи хабари даргузашти фоҷеабори Баҳром Ғафурӣ шуданд. Ин сарояндаи мумтоз бо таронаҳои дилошӯбу сабку услуби хоси хониш миёни ҳаводоронаш маъруфияти хоса касб карда буд.

Илова ба ёдоварӣ аз ҳунари сарояндагии Баҳром Ғафурӣ дар шабакаҳо дар бораи хоксориву фурӯтании ӯ менависанд.

Баҳром Ғафурӣ аз ҷумлаи сарояндагони ҷавони маънисаро буд. Ҳар таронаи худро талош мекард бар пояи шеърҳои пурмазмун тартиб диҳад. Ин аст, ки дар сурудаҳои вай таронаҳои холӣ аз мазмуну оҳангҳои дур аз касбият дида намешавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар робита ба даргузашти овозхони номдори Тоҷикистон Баҳром Ғафурӣ номаи таслият нашр кард ва навишт, ки "Аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти ҳунарпешаи шинохтаи эстрадаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ сахт андўҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамояд”.    

Парвиз Назаров, овозхони шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон дар номаи ҳамдардии худ навишт: "Алвидоъ дӯстам! Ту инсони заминию воқеъӣ ва мусиқачии асил будӣ. Се рӯз пеш дар инстаграмат аз нашри суруди нав хабар додӣ ва ман гуфтам, ки ин суруд албатта Хит мешавад. Ҳоло ту нестӣ, ин бароямон фоҷиаи бузург аст..."

Баҳром ҳамагӣ 44 сол дошт ва гарчанде пас аз садама фавран ба бемористон интиқол ёфт, вале пизишкон натавонистанд ҷони ӯро аз чанголи марг раҳонанд.

БАҲРОМ ҒАФУРӢ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ Ленин) таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Баҳром Ғафурӣ яке аз сарояндагони шинохта дар давоми 20 соли охир дар саҳнаи эстрадаи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ӯ таронаҳои марғубе дошт, ки миёни мухлисонаш маълуму машҳур шуда буданд. Аз ҷумла тайи се-чор соли охир ду таронаи ӯ бо номҳои  “Муҳоҷирбача” ва “Орзу” ҳаводорони зиёд пайдо карда буд. 

Ӯ соҳиби 10 албоми таронаҳо буд. Баҳром ҳамзамон бо сарояндагӣ дар филмҳои ҳунарӣ низ нақшҳои хотирмон бозидааст. Аз ҷумла дар филмҳои “Сукут” ва “Риё” нақши марказӣ бозидаву дар ёди бинандагон нақш бастааст. 

Борҳо дар озмунҳои мусиқӣ унвонҳои ифтихории “Ситораи сол” ва “Овозхони беҳтарин” – ро соҳиб шудааст. Моҳи ноябри соли 2009 дар озмуни Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуд.

Журналисти шинохта Фахриддини Холбек, яке аз дӯстни наздики Баҳром Ғафурӣ баъдан навишт, ки “Хона холист, хонаи мо” охирин таронаи  марғуби Баҳром Ғафурӣ буд, ки сабташ пурра анҷом нашуда реҳлат кард.

Ҷасади Баҳром Ғафурӣ дар қабристони Ҳазрати Мавлоно дар маҳаллаи "Нӯҳум километр"-и Душанбе ба хок супорида шуд.

Дар гузашта ҳам дар тасодуфи нақлиётӣ шахсиятҳои маъруфе дар кишвар ҷон бохтанд. Аз ҷумла ҳунармандони шинохтаву мумтоз Муқаддас Набиева ва Наргис Бандишоева бар асари ҳамин гуна ҳодисаҳон ҷони худро аз даст додаву мухлисону ҳаводоронашонро дар сӯг нишондаанд. 

Расмҳо аз ҷойи ҳодиса.

барчасп: