Сел дар Амондараи Панҷекат як нафарро ҳалок кард. Ҳушдори Кумита аз эҳтимоли омадани сел дар баъзе минтақаҳои кишвар

Тибқи маълумоти афсари шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тахминан соати 17:30 дақиқаии рӯзи 5-уми август бар асари борони пуршиддат дар ҷамоати деҳоти Амондара сел омад.

Ин сел ба се ҳавлии сокинони деҳаи Амондара лойоба ворид кард. 29 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон, 10 гектар заминҳои кишоварзӣ ва ба 10 км роҳи автомобилгарди деҳаро низ аз лой пур намуд.

Ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Ёрӣ, маҳаллаи Сушанг ва ҷамоати деҳоти Шинг, деҳаи Заврон низ сел бо овардани лойоба зарар расонд.  

Аз ҳалокати як сокини 60-солаи деҳаи Амондара хабар дода мешавад. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд аҳолии деҳа ҷасади ӯро аз зери лойю об субҳи имрӯз, 6-уми август, соати 06:20 дақиқа пайдо ва ба соҳибонаш супурданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як бори дигар ба сокинони кишвар ҳушдор медиҳад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз 6-уми август низ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо аз гармои шадид вуҷуд дорад.

Аз аҳолӣ хоҳиш мешавад сари вақт селроҳаҳо ва ҷӯйбору каналҳоро аз ҳар гуна монеъаҳо пок кунанд, то сел роҳи гузар пайдо кунад ва вориди хонаҳову ҳавлиҳо ва заминҳои кишт нашавад.

барчасп: