Шумори мубталоён дар коронавирус дар олам шоми рӯзи гузашта 203 миллиону 379 ҳазору 417 нафар эълон шуд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон низ омори тозаи гирифторон ва фавтидагонро эълон намуд. Бино ба гузориши ин вазорат шабонрӯзи гузашта дар Тоҷикистон 68 ҳодисаи нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст ва теъдоди умумии мубталоён аз аввали ҳамагирӣ ба 15 651 нафар расидааст. 97,1 дарсади сироятшудагон шифо ёфтаанд. Шумори фавтидагон аз Covid-19 122 нафар гуфта шудааст.
Кишварҳое, ки гирифторони бештар доранд:
ИМА — 36 540 155
Ҳинд — 31 969 588
Бразилия — 20 165 672
Русия — 6 447 750
Фаронса — 6 305 158
Танҳо воксина аст, ки инсонро аз сироят шудан ба ҳар гуна мутатсияҳои нави коронгавирус ҳифз мекунад. Сокинон бояд ҳарчи зудтар худро эм кунанд.
Дар ИМА онро истисно намекунанд, ки дар наздиктарин фурсат як воксинаи устувору пурқудрате ҳам тавлид шавад, ки ба гунаҳои мухталифи КОВИД тавони муқовимат карда бошад.
Авҷи коронавирус дар Флоридаи ИМА ин гӯмагӯҳоро ҳам ба миён овардааст, ки эҳтимол ин вирус қабл аз Вуҳони Чин дар ин минтақа пайдо шуда бошад.
Ташаббуси Русияро дар мавриди қобили қабул донистани шаҳодатномаҳои воксиншудагон аз COVID-19 –ро дар Олмон низ мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави Британияи Кабир 27 429 ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Ҳамаи он шаҳрвандони Британия, ки воксина гирифтаанд, метавонанд бе ягон карантин вориди Фаронса шаванд.
Дар Эрон шабонарӯзи гузашта 39 619 ҳодисаи сироят ба COVID-19 ва 542 марг бар асари ин бемориро ба қайд гирифтаанд.
Дар Молдова дар 24 соати гузашта 75 ва дар Украина 619 сироятшудаи нав сабт шудааст.
Русия шабонарӯзи гузашта аз сирояти боз 22 866 нафар ба COVID-19 хабар дод.
Аз аввали ҳамагирӣ дар Қазоқистон 634 214 нафар ба Covid-19 сироят шуданд.
Қирғизистон эмкунии сокинонашро бо ваксинаи AstraZeneca, ки қаблан дар миёни сарбозон сабаби таъсироти манфӣ шуда буд, аз сар мегирад.
Ӯзбекистон аз сирояти 136 635 ба Covid-19 аз аввали ҳамагирӣ хабар дод. Сатҳи маргумир аз ин беморӣ 0,68% эълон шудааст.