Садамаи маргбор дар роҳи Хуҷанд Масчо (ВИДЕО)

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рӯзи гузашта, 8-уми август, тахминан соати 04:05 дақиқаи субҳ дар километри 326-уми шоҳроҳи Хуҷанд-Мастчоҳ садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.

Автомашинаи тамғаи Daewoo Labo, ки ба як шаҳрванди 21-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мутааллиқ буд, ба автомашинаи тамғаи “КАМАЗ” бархӯрд. Манбаъ  мегӯяд ин мошини “КАМАЗ” ба як сокини ноҳияи Масчо тааллуқ дошт ва канори роҳ беҳаракат меистод.

 Ронандаи Daewoo Labo шояд аз он ки бо суръати баланд меомад, аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва сабабгори бархӯрди шадид бо КАМАЗ шуд.   

Дар ин садама ронандаи автомашинаи Daewoo Labo ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Б.Ғафуров бистарӣ карда шуд. Мусофири ин мошин як бонуи ҷавони 25 – сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. 

Имдодгарони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати вилоят ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҷасади шаҳрванди ҳалокшударо аз дохили мошин берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳоло сабабҳои ин садама мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифтааст.

 

Ш.Бутаева