августа 2021

Заминларза дар қаламрави Тоҷикистон. Талафоти ҷонӣ нест

15 – уми августи соли 2021 соати 15:41 дақиқа дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 186 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 113 километр аз шаҳри Хоруғ дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. 

Қувваи заминларза дар маркази он 4-3 балл, дар шаҳри...

Зикри ҷиноятҳои экологӣ дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Шарҳи мутахассис

Зери мафҳуми ҷиноятҳои экологӣ кирдорҳои ба ҷамъият хавфноке фаҳмида мешавад, ки онҳо ба тартиботи ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойдошта, яъне амнияти экологии ҷамъият, ҳудуди муҳити табиӣ ва саломатии одамон зарар мерасонанд.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 вобаста ба муҳимияти объекти ҷиноят – муносибатҳои...

Ҳудуди 1300 куштаи заминларзаи Ҳоитӣ дар шанбеи гузашта. Ин кишвар сари роҳи тӯфони “Грейс” низ қарор гирифтааст

Дар натиҷаи як заминларзаи шадид дар Ҳоитӣ то ба ин лаҳзаҳо 1297 нафар ҷон бохтаанд, аммо ин омори ниҳоӣ нест. Ҷустуҷӯи қурбониёни зилзила идома дорад.  Ҳукумати Ҳоитӣ эълон кард, ки замин дар кишвар ба қувваи 7,2 бал такон хӯрд ва то субҳи рӯзи якшанбе ҷасади 1297 нафар пайдо шудааст. Ҳамчунин аз ҷароҳатдор шудани беш аз 6 ҳазор нафар гузориш дода мешавад. 

Шумори гирифторон ба Covid-19 дар Тоҷикистон ба 16 ҳазор наздик шуд

Шаби 13-уми августи соли равон шумори гирифторон ва коронавирус 106 миллиону 751 ҳазору 968 нафар эълон шуд. Кишварҳое, ки бештар аз дигарон мубтало ба Covid-19 доранд:

ИМА— 37 209 403

Ҳинд — 32 155 765

COVID-19: Мубталоён дар олам аз 201,6 миллион ва фавтидагон аз 4,3 миллион гузашт. 1,5 миллион нафар сокинони Тоҷикистон ваксин гирифтанд

Шабонарӯзи гузашта дар олам 659 772 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва 9971 нафар аз ин бемории хатарзо фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам 204 миллиону 644 ҳазору 849 нафар мубталои COVID-19 шуданд ва  4 миллиону 323 ҳазору 139 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.

Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА аз

Наҷоти 5 ноболиғ дар як лифти харобшуда

12 августи соли 2021 соати 18:19 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар бинои №12/2 кӯчаи  Нусратулло Махсум лифт вайрон шудаву дар он 5 нафар ноболиғон руст мондаанд.

Барои расонидани ёрии фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони...

Фоҷеаи мудҳиш дар Дарвоз: Ҳалокати 5 узви як хонадон дар садамаи мошин Онҳо ҷанозаи зани 74-соларо интиқол медоданд

12 – уми августи соли 2021 дар километри 390 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Дарвоз садамаи мошин ба қайд гирифта шуд. 

Мошини тамғаи «Lexus 470», ки аз ҷониби як сокини деҳаи Бағуши ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ идора мешуд, бо сабабҳои номаълум  дар дарёи Панҷ...

Нигаронии мақомоти Чин аз муҳоҷирати як галаи саргардони филҳои осиёӣ

Мақомоти Чин эълон карданд, ки  беш аз 150 ҳазор сокинони минтақае, ки дар масири ҳаракати галаи филҳои муҳоҷир қарор доранд, ба маконҳои дигар интиқол дода шуданд. Мақомоти маҳаллӣ дар ҷанубу ғарби вилояти Юннон нигарони бархурд байни сокинони минтақа ва 14 фили осиёӣ шуданд, ки моҳҳост дар ҳаракатанд. Расонаҳои давлатии Чин гузориш кардаанд, ки беш аз 25 ҳазор маъмурони полис бо истифода аз...

Суқути чархбол бо сайёҳон дар Камчатка ва ҳалокати 8 нафар дар ин сонеҳа

Бар асари суқути як чархболи Ми-8, ки гардишгаронро интиқол медод, 8 нафар ҷони худро аз даст доданд. Ин ҳодиса дар мамнӯъгоҳи Кронотс воқеъ дар Камчатка рух дод ва гуфта мешавад, дар он 16 нафар савор буданд. 13 нафарашон мусофирон, ки яке аз онҳо кӯдак буд ва 3 нафар ҳайати экипаж.

Чархбол дар кӯли Курил сарнагун шудааст ва дар умқи...

Кашфи даҳҳо ҷасади гавазни шимолӣ дар Таймири Русия

Даҳҳо гавазни шимолӣ дар канораҳои деҳаи Хатанга дар ноҳияи Таймири кишвари Краснояркс ба ҳалокат расидаанд. Бино ба гузориши хабаргузориҳои давлатии Русия эҳтимолан ин гавазнҳо ҳангоми муҳоҷирати мавсимӣ аз ҷониби шикорчиёни ғайриқонунӣ кушта шуда бошанд, вале иддае аз коршиносон фарзияи ғарқ шудани онҳо ҳангоми убур аз дарёро пеш меоранд.
Расонаҳо навиштанд, ки ин гавазнҳо шаби 3-уми август,

Чиро сиклон ва антисиклон меноманд?

СИКЛОН – гирдбод, тундбод, исёни атмосфера, ки фишори пасти ҳавоӣ дошта,  дар нимкураи шимолӣ гирдгардиши ҳавояш дар гирди марказ зидди ақрабаки соат буда, дар нимкураи ҷ

СИКЛОН – гирдбод, тундбод, исёни атмосфера, ки фишори пасти ҳавоӣ дошта,  дар нимкураи шимолӣ гирдгардиши ҳавояш дар гирди марказ зидди ақрабаки соат буда, дар

Гирифторон ба Covid-19 дар олам ба 201 миллион наздик шудааст. Чин вуруду хуруҷро дубора манъ кард

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар олам ба 200 миллиону 815 ҳазору 159 нафар расид. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия, Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое мебошанд, ки аз ҳама бештар гирифтрон ба  Covid-19 доранд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақрибан 93,4 дарсади сироятшудагон ба гунаи “Делта” сироят шудаанд.

Страницы