Наҷоти 5 ноболиғ дар як лифти харобшуда

12 августи соли 2021 соати 18:19 ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки дар бинои №12/2 кӯчаи  Нусратулло Махсум лифт вайрон шудаву дар он 5 нафар ноболиғон руст мондаанд.

Барои расонидани ёрии фаврӣ гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе сафарбар шуданд. 

«Бегоҳӣ баъди сайругашт дар кӯча ин ноболиғон вориди лифт шудаанд. Лифт ба ҳаракат даромадаву дар байни ошёнаҳо аз кор мондааст. Онҳо муддати қариб як соат дар дохили лифт мондаанд. Ҳеч кумаке аз ҷойе нарасидааст. Талош кардаанд ба хадамоти садамавӣ занг зананд, аммо мутаассифона дар ҳама талошҳояшон ноком мондаанд. На хадамоти садамавиву на диспетчер ба додашон нарасиданд”,-нақл кардаанд онҳо ба имдодгарони Раёсати КҲФ.

Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расида дар муддати 15 дақиқа бо истифода аз таҷҳизоти махсуси гидравликии садамавиву наҷот дари лифтро боз кардаанд.

Касе аз ин наврасон ба ёрии тиббӣ ниёз надошт. 

 

БОЗ ДАР ИН БОРА: