Фоҷеаи мудҳиш дар Дарвоз: Ҳалокати 5 узви як хонадон дар садамаи мошин Онҳо ҷанозаи зани 74-соларо интиқол медоданд

12 – уми августи соли 2021 дар километри 390 роҳи мошингарди Душанбе-Дарвоз-Хоруғ, дар қаламрави деҳаи Вишхарви ҷамоати деҳоти Дарвоз садамаи мошин ба қайд гирифта шуд. 

Мошини тамғаи «Lexus 470», ки аз ҷониби як сокини деҳаи Бағуши ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошими ВМКБ идора мешуд, бо сабабҳои номаълум  дар дарёи Панҷ сарозер шуд. Ҳангоми ҳодиса дар ин мошин 4 нафар мусофир ва ронанда, ки ҳамагӣ узви як хонавода буданд, сафар доштанд.

Онҳо ҷанозаи як зани 74-соларо барои анҷоми маросими гӯру чӯб ба ноҳияи Ишкошим интиқол медоданд. Дар ҳодиса ҳамаи ин панҷ нафар ба ҳалокат расиданд. 

Баъди дарёфти хабари фоҷеа дастаи имдодгарони Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо ҳамроҳ бо аҳолии маҳал ҷасади ду нафар аз мусофиронро пайдо ва аз об берун оварданд. Ҷустуҷӯи ҷасадҳои ҳалокшудагони дигари ин рӯйдоди мудҳиш идома дорад.

Мақомоти салоҳиятдор сабабҳои ин садамаро муайян мекунанд. 

Дар ҳамин итибот Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон басо бо эҳтиром хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, ба боло бурдани суръати ҳаракат роҳ надиҳанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя кунанд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд. 

барчасп: