Шабонарӯзи гузашта дар олам 659 772 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд ва 9971 нафар аз ин бемории хатарзо фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар саросари олам 204 миллиону 644 ҳазору 849 нафар мубталои COVID-19 шуданд ва 4 миллиону 323 ҳазору 139 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд.
Вазорати тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоии ИМА аз кормандони тибии федералӣ талаб хоҳад кард, то худро зидди коронавирус эм кунанд. Ҳамоно дар пойгоҳҳои ҳарбии амрикоӣ дар Кореяи Ҷанубӣ сарбозон бо сирояти коронавирус ба қайд гирифта мешаванд.
Дар Британияи Кабир шабонарӯзи гузашта беш аз 33 ҳазор мубталои навро сабт карданд ва 94 нафар аз COVID-19 фавтиданд.
Дар Олмон 56,1 дарсади аҳолӣ пурра ваксин гирифтанд.
Чин сеюмин калонтарин бандари оламро қисман баст ва сабаб ифшои ҳодисаҳои нави сироят ба коронавирус дар ин бандар аст.
Зарфи 24 соати гузашта дар Ҷопон 18 882 сироятшудаи навро ба қайд гирифтанд, ки ин болотарин сатҳи сирояти шабонарӯзӣ дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ аст.
Озарбойҷон аз мубтало шудани боз 2674 хабар дод ва дар беморхонаҳои ин кишвар 17 602 аз коронавирус табобат мегиранд.
Дар Гурҷистон зарфи шабонарӯзи гузашта 5128, дар Молдова 256 ва дар Русия 21 932 гирифтори нав сабт шудааст.
Шумори умумии гирифторон ба Covid-19 дар Қазоқистон 664 524, дар Қирғизистон 170 770 ва дар Ӯзбекистон 140 210 нафар эълон шудааст.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки то ба имрӯз беш аз 1,5 миллион нафар сокинон зидди коронавирус эм шудаанд. Шумори гирифторон аз аввали ҳамагирӣ ба 15 862 нафар расида, сатҳи маргумир аз ин беморӣ 0,78% аст.