14 хонавода аз 41 хонаводае, ки манзилашон дар сели рӯзи 11 май хароб шуда буд, ба хонаҳои нав кӯчиданд

Рӯзи гузашта, 5-уми август Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода сокинони 14 хонаи навро ба муносибати ба анҷом расидани сохтмони хонаҳояшон шодбош гуфт ва килиди манзилҳои навро ба соҳибонашон супурд.

Рӯзи 11 майи соли равон як сели харобкор 41 хонаи истиқоматиро дар дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш харобу валангор карда буд. Тибқи қарори Ҳукумат ба сокинони зарардида дар маҳалли нав замин ҷудо шуд ва аз ҳисоби ҳукумати кишвар ба бунёди хонаҳои нав оғоз карданд.

Инак, бо  ҳудудан се моҳ 14 хона пурра сохта ба истифода дода шуд ва бунёди манзилҳои дигар идома доранд.

Қурбон Ҳакимзода – Раиси вилояти Хатлон ба суханронии худ назди ҷамъомадагон изҳор дошт, ки то ҷашни Истиқлол кулли хонагумкардагон соҳиби хонаҳои нав хоҳанд шуд. 

М.Муйдинов