майи 2017

Оғози давраҳои нави омӯзишӣ барои афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Мураббиёни Академияи мудофиаи граждании Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ҳамтоёни тоҷики худро дарси маҳорат меомӯзанд. Алҳол дарсҳои омӯзишӣ барои афсарони Дастгоҳи марказии Кумита ва воҳидҳои сохтории он шуруъ шуданд ва қарор аст то 27-уми май идома  кунанд.
Бо мақсади татбиқи Муоҳадаи сеҷониба миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди

Рустам Назарзода бо ҳайате аз Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиши байналмилалӣ вориди Мексика шуд

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар Мексика аз барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, иқдомоти ахир дар мавриди бартарафсозии оқибатҳои офоти табиӣ дар кишвар нақл хоҳад кард.
Ҳайати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии

Наваскарони Кумита савганди садоқат ба Ватан ёд карданд

20 –уми майи соли равон дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанави савгандёдкунии наваскарон доир шуд.
Наваскарони воҳидҳои низомии Кумита дар аввалин моҳҳои оғози хизматашон дар сафи қувваҳои ҳарбӣ аз садоқаташон ба Ватан ва омода будан ба иҷрои ҳар амру фармон савганд ёд карданд.

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода соҳиби 11 техникаи муҷаҳҳази нав шуданд

Неруҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби техникаи нав шуданд. Ба наҷотдиҳандагон шаҳодатномаҳо ба 11 адад мошинҳои садамавиву наҷот супурда шуданд, ки комилан муҷаҳҳаз буда, барои корҳои гуногуни наҷот пешбинӣ шудаанд.

Дарси омӯзишии риояи бехатарӣ барои донишомӯзони литсеи нақлиёт ва техника

80 нафар донишомӯзони литсеи нақлиётиву техникии рақами 52 – и пойтахт амалкардҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаро дар Маркази таълимиву методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиш диданд.
Мавзуъи ин дарс, ки ахиран баргузор гардид, “Ҳолати фавқулоддаи  табиӣ ва техногенӣ” ном дошт.
Дар остонаи таътилҳои тобистона, замоне, ки ҷавонон вақти

Гармои тоқатшикан дар олам

Тибқи иттилои Бюрои СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNISDR) ва созмони белжии Маркази таҳқиқоти эпидемиологии ҳаводис (CRED) аз соли 1996 то соли 2015 бар асари ҳаводиси табиат дар сар то сари олам наздик ба 1,35 миллион нафар ба ҳалокат расиданд.
Дирӯз, 11-уми май Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Заминларза бо қувваи аз 3 то 4 балл Тоҷикистонро такон дод

Тибқи иттилои Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон субҳи имрӯз, соати 07:48 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
Маркази зилзила 357 километрии қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 23 километрии шарқи кӯли Сарез буд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар кӯли Сарез 3 балл буд.
Заминларза қурбонӣ ва харобӣ надошт.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз гармои шадиди рӯзҳои 12-15-уми май ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон аз 12 то 15-уми майи соли 2017 дар қаламрави ҷумҳурӣ болоравии ҳарорати ҳаво дар назар дошта шудааст. Ҳаво дар ин рӯзҳо то бештар аз 40 дараҷа гарм мешавад.
Болоравии ҳарорати ҳаво дар баландкуҳҳо боиси об шудани

Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ ба имзо расид

8 – уми майи соли 2017 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2017 маросими имзои Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи умумиҷаҳонии ғизои СММ дар бораи ҳамкориҳо дар самти омодагӣ, бартарафсозӣ ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин

Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Афғонистон дар Тоҷикистон

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон, ҷаноби  Муҳаммадғулом Залмай Юнусӣ аз оғози ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ изҳори қадрдонӣ кард.
Имрӯз Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулодда ва

Эълони ҳолати фавқулодда дар чанд шаҳри Канада

Дар чандин шаҳри вилояти Канада –Квебек, аз ҷумла дар Монреал бар асари обхезӣ ва сели азим ҳолати фавқулодда эълон шуд.
Бино ба гузориши хабаргузории ВВС дар ин вилоят аллакай бештар аз ду ҳазор хона дар 130 шаҳру ноҳияи вилоят зери об мондааст. Дар қаламрави наздик ба 500 метри квадратӣ зарур омад, ки  сокинони маҳаллиро ба макони амн интиқол диҳанд.

Табрикот ба Рӯзи Ғалаба

Собиқадорони муҳтарам!
Роҳбарият ва ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Рӯзи Ғалаба самимона муборакбод мекунад!
Шумо дар хунинтарин ҷанг дар таърихи башар пирӯз шудед. Хотира ва корномаҳои миллионҳо нафар ҷанговарони ҷабаҳоти ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳ оғози

Страницы