марти 2017

Наврӯзи хуҷастапай муборак, ҳамватанони азиз!

Наврӯзи дилафрӯз фаро мерасад ва аз фардо мардуми шарифи кишвар ба таҷлили ин ҷашни ниёкон оғоз мекунанд. Ҷашни сарсабзиву хуррамӣ, ҷашни эҳёти табиат ва оғози баҳори нав хуҷаста бод!
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат  аз самими қалб ҳамаи сокинони кишвар ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзии худро муборакбод мекунад ва барояшон

Рустам Назарзода ва Хидеки Танабе аз таҳкими ҳамкориҳо оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Тоҷикистон суҳбат карданд

Дар Кумита ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷонибаи Раиси кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сарвари тозатаъини Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар Тоҷикистон (JICA) ҷаноби Хидеки Танабе баргузор шуд.
Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷаноби Танаберо ба муносибати таъин шуданаш ба ин вазифа муборакбод кард

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар Ваҳдат

Тамрини “Омодагии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, корхонаҳо ва ташкилотҳо, неруҳо ва воситаҳои онҳо ҷиҳати вокуниш ба ҳолатҳои фавқулоддаи мавсими баҳорӣ” диққати сокинони рустои Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдатро як бори дигар ба мушкили эҳтимолии сел дар минтақа ҷалб кард.
Деҳаи Чӯянгарони ноҳияи Ваҳдат, ки дар соҳили дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст, як минтақаест, ки баҳорон бештар ба

Баррасии тарҳҳои муштараки нави ҳамкорӣ миёни КҲФ ва горди миллии Иёлоти Вирҷонияи ИМА

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Тоҷикистонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дастгирӣ мекунад.
15-уми марти соли равон дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати ИМА бо сарварии сардори

Баррасии дурнамои татбиқи тарҳи DIPECHO- X дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Имрӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ҳайати Комиссияи Аврупо бо сарварии роҳбари бахши Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Покистон ҷаноби Филипп Моган баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳолати имрӯза ва дурнамои ҳамкориҳои КҲФ ва Комиссияи Аврупо мавриди барасӣ қарор гирифт.

Роҳ ба самти Ҷиргатол ва Қарамиқ боз шуд

Бар асари талошҳои фаровони ниҳодҳои зирабти поккории роҳҳо аз барф, аз ҷумла бо кӯшиши кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғарами барфи ҳосилшуда аз лағзиши тарма дар шоҳроҳи  Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол-Қарамиқ то марзи Ҷумҳурии Қирғизистон боз шуд.
Ин роҳ баъди барфрезиҳои шадиди моҳҳои январу феврал дар қабзаи барф буд ва рӯзи 9-уми март билохира аз боз

Табрикоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Рӯзи матбуоти тоҷик

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона муборакбод мекунад. Дар кишвари мо рӯзноманигорӣ ҳамеша миёни мардум муҳтарам буд. Журналистикаи Тоҷикистон басо фаъолона рушд мекунад ва бо талоши зиёд технологияи нав ва шаклҳои ҷадиди интишори ахборро аз худ менамояд.

Узбекистон ба сокинони зарардидаи Тоҷикистон кумаки башарӣ расонд

Ҳудудан 60 тонна кӯмаки башарии Узбекистон ба сокинони аз офатҳо зарардидаи Тоҷикистон расид.
7 – уми марти соли 2017 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба сокинони аз офатҳои табиӣ зарардидаи Тоҷикистон кӯмакҳои башарӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, дорувору, маводи сохтмон, ангишт ва сару либоси гарм расид. Ҳаҷми умумии кӯмаки башарӣ наздик ба 60 тоннаро ташкил дод. 

Муродбӣ Ҳайдарова: Зан бо иффату покиаш зан аст

Як корманди собиқадори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар суҳбат бо хабарнигори “Бонувони Тоҷикистон” гуфтааст, ки зан ҳамеша зан боқӣ мемонад, чӣ ҳарбӣ бошад, чӣ олими физику кимиё ё дилбохтаи ҳар касби дигар.
Муродбӣ Ҳайдарова аз ҷумлаи собиқадорони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Даричаи ошноӣ: Қисми ҳарбии рақами 45025

Қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 479 аз 27 ноябри соли 1999 ва фармони Вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 062  аз 24 – уми декабри соли 1999 ташкил шудааст.
Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки ҷаҳонӣ

Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар мулоқот бо Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба рушду тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.
1 - уми марти соли 2017 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо сарварии мутахассиси пешбари амалиётҳои бонкӣ хонум Радҳика Сринивасанро ба ҳузур пазируфт.

Шоми гузашта замин дар пойтахт ва маркази Бадахшон такон хӯрд

Заминларзаи шоми 28-уми феврал қурбонӣ ва харобӣ надошт.
28 феврали соли 2017, соати  18:42 дақиқа дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази заминҷунбӣ 296 километр дар қисамати ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе, 46 километр дар самти шимолу шарқи шаҳри Хоруғи ВМКБ буд.
Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғ