Ахбори рӯз

Ширкати кормандони Кумита дар омӯзиши якрӯзаи вокуниш ба ҳамагирии коронавирус

Шонздаҳ нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омӯзиши якрӯзаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи эҳтимолӣ ҳангоми ҳамагирии коронавирус ширкат карданд. Ин омӯзиш аз ҷониби мутахассисон Агентии Оғохон оид ба Зистгоҳ роҳандозӣ шуд.

Консулгарӣ ва муҳоҷират: Як идораи дипломатӣ чӣ хизмате ба муҳоҷирин дар аёми буҳрони короновирус тавонист анҷом диҳад? Бахши аввал

Сухан аз фаъолияти консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург меравад. Консули генералӣ дар ин минтақаи калони Россия  Зафар Сайидзода – олиму  донишманди шинохта, ки 17 феврали  соли равон ба ин вазифа таъйин шуд, зарфи ҳудудан се моҳе, ки оламиён бо КОВИД-19 дастбагиребонанд ва ин вируси кушанда саросари Россияро низ фаро гирифтааст, корҳои шоистаеро ба нафъи муҳоҷирини дар карантинмонда...

Боздиди навбатии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз минтақаҳои офатзадаи ноҳияи Хуросон

16 июни соли 2020 бо мақсади ошноӣ бо ҷараёни корҳои барқарорсозӣ дар қаламрави деҳаи Чорбоғи ҷамоати ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросон Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенант Рустам Назарзода аз ин минтақаи аҳолинишин дидан намуд.
Раиси Кумита бо рафти корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва

Насби лавҳаҳои иттилоотӣ дар соҳили Сир

Бо фаро расидани тобистон ҷунбуҷӯш дар соҳили обҳо ҳам шуруъ мешавад. Табиист, ки гармо одамонро бештар ба соҳилҳои кӯлу дарёҳо мебарад ва баробари истироҳату фароғат баъзе таҳдидҳои амниятӣ низ вуҷуд доранд, ки ба тафреҳрафтагон набояд онҳоро фаромӯш созанд.  Вилояти Суғд ҳам ҳудуди обии васеъ дорад ва кормандони хадамоти наҷот аз нимаи дуюми моҳи май омодагӣ ба мавсими оббозиро шурӯъ кардаанд.

Дарсҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи Кӯли Ҷавонон

Рӯзе қабл кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита бо кормандони истироҳатгоҳи Кӯли Ҷавонон машғулиятҳо доир карданд. Дар ҷараёни ин дарсҳои омӯзишӣ дар мавриди мавсими гарм ва риояи қоидаҳои шиновариву оббозӣ ва наҷоти ғарқшудагон,

Страницы