Ахбори рӯз

“Ҷумҳурият”: Намебинем ё дидан намехоҳем?

Ин мақола посух ба касе нест, балки рӯнависи басо мухтасарест аз корҳои анҷомшуда барои бартараф намудани паёмадҳои сели харобкор ва ярч дар чанд минтақаи ноҳияи Хуросон. Мухтасар аст, ҳарчанд мехостам муфассалтар аз ин бошад, чун зарфи ҳудудан як моҳ ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, эҳсонкорон барои сабук кардани дарду ранҷи мардуми осебдида корҳоеро ба субут расондаанд, ки арзиши

Тозаахбори ин соат. Садамаи маргбори ронандахонуми 29-сола, оби таҳхонаи сокинони ноҳияи Сино ва мори рамида дар манзили як сокини пойтахт

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд субҳи рӯзи 14-уми июни соли 2020 мошини тамғаи “Мерседес”, ки аз ҷониби як хонуми 29-сола, сокини шаҳри Ваҳдат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд дар километри 11 шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд, дар мавзеъи Фондарё, воқеъ дар деҳаи Петеи ноҳия и Айнӣба умқи 10-20 метр

Кумаки навбатӣ ба осебдидагони ноҳияи Хуросон. Пойдевори хонаҳои нав дар Чорбоғ гузошта шуда, бунёди манзилҳо оғоз шудаанд

Мухтасари хабар: Ба осебдидагони сел дар ноҳияи Хуросон кумаки навбатии башарӣ аз Сафарати Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон расид. Сокинони хонаҳои валангоршуда дар мавзеъи нав ба бунёди манзилҳои нав шуруъ карданд. Дирӯз ихтиёриён аз ташкилоту муассисаҳои вилоят ба ёрии сокинон омаданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тозаахбори ин соат. Таъсири сел ба маҷрои Сурхоб, ҳолати фавқулода дар Сичароғ бартараф мешавад

Тибқи маълумоти сардори Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи  Лахш рӯзи 12-уми июни соли 2020, соати 17:50 дақиқа дар  километри 250 шоҳроҳи Ваҳдатиргатол-Саритош,  ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш, ба дарёчаи Арчакапа сел рехт ва қисман пеши роҳи дарёи Сурхоб баста гардид.

Сӯхтор дар корхонаи коркарди нефт. Сабабҳои он тафтиш мешаванд

Рўзи гузашта, соати 11:47 дақиқа дар корхонаи коркарди нафт воқеъ дар ҷамоати деҳоти Гулистон деҳаи Меҳани ноҳияи Рӯдакӣ сӯхтори шадид рух дод. Бино ба гузориши Маркази наҷоти Кумитаи ҳолатҳои и фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 зарфи нигаҳдории гази моеъ оташ гирифт ва хисорати калоне ба ин корхона овард.

Страницы