Наваскарони қисмҳои ҳарбии Кумита савганд ёд карданд
Чоп шуд: 08/06/2020 | redaktorДар ҳамаи қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон наваскарон савганди ҳарбӣ ёд карданд. Маросими савгандёдкунӣ имсол вобаста ба вазъ дар доираи маҳдудиятҳои беҳдоштӣ гузашт. Ҳангоми санганд ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ бидуни истисно бо ниқоб буданд ва дар оғози чорабинӣ ҳарорати ҳамаи сарбозонро бо ҳароратсанҷ санҷиданд.