Суҳбатҳо атрофи пешгирӣ аз нашъамандӣ. Мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар

Чаро пешгирӣ аз гирифторӣ осонтар? Чаро бояд наврасон ва ҷавононро бештар аз хатари мубтало шудан ба бемории нашъамандӣ ва ба доми нашъаҷяаллобон афтодан бояд огоҳ кард? Оё метавон гуфт, ки нашъам андӣ табобатшаванда аст?

Инҳо аз ҷумлаи суолҳое буданд, ки дар мулоқоти ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фаввқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Баротиён баррасӣ шуданд.  

Мавзӯъи ин мулоқот пешгирӣ ва мубориза бо нашъамандӣ ва оқибатҳои ҳалокатовари истеъмоли маводи мухаддир буд. 

Корманди Агентӣ дар ин дидор дар бораи чораву тадбирҳои сохторҳои дахлдор барои пешигрӣ аз нашъамандӣ, ҷалби ҷавонону наврасон ба истеъмоли мухаддирот нақл кард.  

Инчунин омилҳо, ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва тиббии нашъамандӣ баррасӣ шуданд. Зимни сӯҳбат Д. Баротиён ба хизматчиёни ҳарбии КҲФ дар бораи мушкилоти пешгирии нашъамандӣ дар кишвар, натиҷаҳои фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маълумот дод.

барчасп: