Ахбори рӯз

Наваскарони даъвати тирамоҳӣ боз дар ду қисми ҳарбии кумита савганди садоқат ёд карданд

29 ноябри соли  2018 дар ду қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияҳои Рашт ва Рӯдакӣ маросими ботантанаи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ баргузор шуд.  Дар маросими Рашт муовини аввали Раиси Кумита, генерал-майор Рустам Шоҳиён ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷонишини Раиси Кумита М.Салимзода ширкат намуданд.

Савганди садоқат ба номи Ватан: наваскарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда савганд ёд мекунанд

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ шуруъ гардид.  Чунончӣ, дар ду қисми ҳарбии КҲФ, ки дар ҷануб ва шимоли кишвар ҷойгир шудаанд, наваскарон савганди садоқат ёд карданд.

Дар ин лаҳзаҳои барои сарбозони ҷавон муҳим роҳбарони

Вазъи ҳавои кишвар дар рӯзи 24 ноябр, ҳолати роҳҳо ва ағбаҳо

Ҳавои борониву сарди охири тирамоҳ. Борон дорад, барф дорад, боди сарду сахт дорад. Роҳҳо куллан бозанд, мошинҳо бо низоми қаблӣ дар ағбаҳо равуо доранд, мушкиле нест. Аммо хавфи омадани тарма ҳам дар баъзе манотиқ таҳдид мекунад. Танҳо эҳтиёту зиракӣ метавонад гарави аслии таъмини амнияти шаҳрвандон бошад. Бахусус ронандагоне, ки сафари ағбаву роҳҳои кӯҳӣ доранд, бояд хеле эҳтиёт кунанд.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мешавад. Ба ҳамин муносибат имрӯз, 23 ноябр дар толори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба ин рӯз доир гардид.

Дар ин ҷаласа роҳбарон ва ҳайати шахсии КҲФ, ҳамчунин

Ширкати сарвари КҲФ дар Форуми аврупоӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Рум

А 21 то 23 ноябри соли 2018 дар пойтахти Италия шаҳри Рум Форуми аврупоии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мегузарад, ки дар он роҳбарон ва намояндагони идораҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании 55 кишвари Аврупо, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, ҳамчунин як қатор сармоягузорони калидӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд. Форуми аврупоӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо идомаи кори

Страницы