“Рӯзи дарҳои боз” дар Раёсати КҲФ дар Хоруғ

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар миёни насли наврас диққати ҷидӣ медиҳанд. Бахусус дар маҳалҳо ин гуна чорабиниҳо аз ҷониби воҳидҳои Кумита зиёд гузаронида мешаванд.

Чунончӣ, дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ВМКБ ҳамроҳ бо Агентии Оғохон оид ба муҳити зист Рӯзи дарҳои боз гузаронида шуд.  Меҳмонони ин чорабинӣ хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хоруғ буданд.

Ин гирдугаштҳо бо дарс дар мавзӯъи “Дониши талаботи техникаи бехатарӣ дар зиндагӣ ва табиат” оғоз гардид. Аз кормандони идораи ҳолатҳои фавқулодда хонандагон дар бораи вижагиҳои кори наҷотдиҳандагон, чӣ гуна онҳо барои наҷот даъват мешаванд ва чӣ гуна ба роҳ мебароянд, дар бораи сабабҳои офатҳои табиӣ ва оқибатҳои онҳо ва ҳамчунин риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба чӣ оварда мерасонад, маълумоти кофӣ дарёфт карданд. 

Наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи Раёсат бо бачаҳо дар бораи қоидаҳои амал дар баъзе ҳолатҳои фавқулодда алоҳида суҳбат карданд. Писарону духтарон ба баҳсҳо фаъолона ҳамроҳ шуданд ва зимнан дар бораи фаъолияти намояндагони Агентии Оғохон оид ба муҳити зист ибрози назар намуданд. 

Дар идомаи чорабинӣ наҷотдиҳандагон ба меҳмонони хурдсоли худ техника, таҷҳизотеро, ки барои гузаронидани корҳои наҷот истифода мешаванд, нишон доданд.

Дар поёни мулоқот ба ҳар меҳмон дафтарчаҳои сурхе тақдим гардид, ки дар онҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ навишта шуда буданд.

барчасп: