Ахбори рӯз

Анҷоми ҳамоиши дурӯзаи омӯзишӣ-методӣ дар масъалаҳои ҳифзи аҳолӣ

Ширкаткунандагони як мизи мудаввар дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хостори табодули таҷриба дар мавриди ташкили гурӯҳҳои ихтиёрии наҷот дар кишвар шуданд. Ин мизи мудаввар, ки зарфи ду рӯз бо ширкати зумрае аз масъулин, мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор шуд, ташкили зерсистемаҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи ҷамоатҳо ва амали гурӯҳҳои ихтиёрии наҷотро низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дод.

Вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба як гузориши радиои “Озодӣ”

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вокуниш ба гузориши радиои “Озодӣ” дар мавриди ҳолати садамавӣ дар кӯчаи Зайнаббибии пойтахт хабар медиҳад, ки ин камбудӣ ҷой дорад. КВД “Обу корез” вазифадор шуд, ки бо иваз кардани қубурҳои фарсуда ҳолати садамавиро аз байн барад ва сокинонро аз ноамнии эҳтимолӣ раҳонад.

Санҷиши омодагиҳои ҳарбӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Омодагии ҳарбӣ як бахши муҳим барои ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аст. Сарбозони Ватан бояд ҳамеша омодаи иҷрои ҳар вазифа бошанд ва аз ин рӯ санҷишҳо ба хотири ошкор намудани камбудиҳо ва ислоҳи онҳо ва ҳамчунин боло бурдани рӯҳияи ҳарбии ҳайати шахсӣ заруранд.

Агар душман қасд дорад аз силоҳи заҳрогин истифода кунад...

Оре. Миллат ва мардум бояд ҳамеша омода бошад, ки душман дар камин аст ва агар ин душман мехоҳад аз силоҳе кор гирад, ки заҳролуд асту ба ҷони ҳазорон нафар таҳдид мекунад? Як вазифиа мудофиаи гражданӣ омодагӣ ба ҳамаи ҳолатҳоест, ки дар замони рӯёрӯи бо душман метавонанд пеш оянд. Ҳоло кишвари мо аз суботу амнияти комил бархӯрдор аст. Вале бояд ҳамеша ҳам ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда

Дарси омӯзишӣ дар коллеҷи тибии шаҳри Бохтар

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ҷалби бештар аз 300 нафар донишомӯзон ва омӯзгорони коллеҷи тибии шаҳри Бохтар дарси мудофиаи гражданӣ гузарониданд.

Ин дарсҳо ва машғулиятҳо аз силсилаи омӯзишҳои ҳамешагиест, ки тибқи Нақшаи кории Кумита миёни аҳолӣ

Страницы