Мутобиқ ба Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар соли 2019 дар ноҳияи Шаҳринав муддати се рӯз тамринҳои маҷмуъии ҳудудии воҳидҳои Системаи ягона ва хадамоти мудофиаи граждании ноҳия дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарӣ, неруҳо ва воситаҳои зерсистемаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолати фавқулода сел” баргузор шуд.
Барои гузаронидани тамрин гурӯҳи кории КҲФ ташкил карда шуд, маъмурияти ноҳия, комиссияи пешгирӣ ва бартарафсоҳии ҳолатҳои фавқулода, комиссияи эвакуатсионӣ, комиссияи баланд бардоштани амали фаъоли соҳаҳо ва иншоотҳои иқтисодӣ, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки шомили зерсистемаи ягонаи давлатӣ, неруҳо ва воситаҳои хадамоти ноҳия, ҳамчунин ташкилотҳои ғайринизомии мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав ҷалб гардиданд.
Тамринҳо дар се марҳала гузаронида шуданд, ки дар доираи онҳо масъалаҳои омодагии мақомоти идории неруҳо ва воситаҳои хадамоти ноҳиявии зерситемаи Ягонаи давлатӣ санҷида шуданд.
Ҳайати роҳбарӣ дар симои сардори мудофиаи граждании ноҳия Н.Аюбзода, кормандони ҳамаи ташкилотҳои шомилгашта ба тамринҳо дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ фаъолона ширкат карданд.
Гурӯҳи кории КҲФ ҳамчунин бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ як силсила чорабиниҳои пешгирикунанда аз хатари офатҳо гузаронд. Аз ҷумла дар чандин минтақаҳои осебпазир ба хотири садди роҳи харобиҳои сел шудан корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузарониданд.