Заминларза як офати табиест, ки ногаҳон сар мезанад ва ҳамша одамонро дар ғафлат мегузорад. Дар як чашм задан ин офат метавонад харобиҳои зиёд оварад. Вале қоидаҳое ҳастанд, ки риояи онҳо ё кор гирифтан аз онҳо метавонад сабабгори он шавад, ки хатари офат коҳиш ёбад. Ҳамин мавзӯъ дар як омӯзиш миёни кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд тамрин шуд.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷо бо Бахши Агентии Оғо Хон оид ба макони зист дар толори Гимназияи № 1 шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил семинари амалӣ дар мавзӯи “Қоидаҳои рафтори аҳолӣ то ва баъди заминларза” гузарониданд. Дар семинар намояндагони системаи маорифи вилоят ширкат карданд.
Ба иштирокдорони семинар қоидаҳои рафтор ва амал дар ҳолатҳои фавқулоддаи алоқаманд ба заминларза ва дигар ҳолатҳои дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта, инчунин аз ҷониби кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд расонидани ёрии аввали то тиббӣ фаҳмонида шуд.
Ҳамчунин миёни хонандагон ва омӯзгорони Гимназияи № 1 шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил машқи 3 қадами Shake out тамрин карда шуд.
Дар поёни семинар ба ширкаткунандагон китобчаҳо ва дастурҳо оид ба қоидаҳои бехатарӣ, расонидани ёрии аввалини то тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда тақсим карда шуд.
Шаҳзода Нуриддинзода