8 майи соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот бо ҳайати сохтори СММ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва густариши ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон бо сарварии таҳлилгари Намояндагии минтақавии СММ оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои занон барои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Ирис Бёрг Кристиансдоттир баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили нақши занон дар рушди КҲФ ва дар маҷмуъ дар ҷомеа, густариши ҳуқуқҳо ва имконоти онҳо баррасӣ шуд.
Ҷонишини Раиси Кумита полковник Ҷ.Маҳмадзода дар бораи талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини баробарии гендерӣ суханронӣ кард ва қайд намуд, ки яке аз ҳадафҳои аввлиндараҷаи Ҳукумати кишвар ва Кумита таъмини шуғл барои занон чун шарти аслии беҳбуди шароити иқтисодӣ ва мухторияти онҳост.
Ҳамчунин ба ширкаткунандагони мулоқот дар бораи татбиқи “Стратегияи миллии коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2019-2030”, ки он низ шомили чандин масъалаи баробариҳои гендерист, маълумот дода шуд.
Дар навбати худ хонум Ирис Бёрг Кристиансдоттир аз талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баробариҳои гендерӣ ситоиш кард ва ба мавқеъи фаъолонаи кишвари мо дар СММ оиди ин масъалаҳо таъкид намуд.