Ахбори рӯз

Мулоқот бо сокинони маҳалҳои осебпазири қаламрави Турсунзода

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сафар ба шаҳри Турсунзода бо сокинони ҷамоати деҳоти  “10-солагии Истиқлолият”, деҳаҳои Бахтовар ва Шарқ, ҷамоати деҳоти “Работ”, деҳаҳои  Ширкент, Деҳвак, Қипчоқ ва Бешкапа дидор ва мулоқот карданд ва бо онҳо дарсҳои омӯзишии амал ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои гуногуни

Сафари кории Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Хатлон

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафараш ба вилояти Хатлон ҷиҳати ширкат дар маросими савгандёдкунии наваскарон ба ду ноҳияи селзадаи қаламрави вилоят рафт ва дар мулоқот бо сокинони арзу шикоят ва талабу дархости онҳоро шунид.
25 –уми майи соли 2018 дар ҷараёни сафари худ ба вилояти

Дарсҳои омӯзишӣ барои донишомӯзони литсей

Танҳо омӯзишҳои пайваста метавонанд хатари офатҳоро коҳиш диҳанд. Омодагии инсонҳо ба ҳар ҳолати фавқулодда низ омӯзиш мехоҳад, то инсонҳо тавонанд бо донишҳои андӯхтаи худ дар ҳоли пеш омадани офате қодир ба раҳоии ҷони хешу пайвандони хеш ва атрофиён бошанд. Ин аст ҳадафи аслии кормандони бахши омӯзишии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби таҷҳизот ва техникаи замонавии наҷот шуд

Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳиби таҷҳизот ва техникаи замонавии ҷустуҷӯву наҷот  шуданд. Таҳвили шумори азими таҷҳизот бешак зарфиятҳои хадамоти наҷотро боло мебарад ва чуноне Раиси Кумита дар маросими таҳвили техника гуфт, сабабгори наҷоти ҷонҳои зиёд ва осон шудани заҳмати наҷотдиҳандагон мегарданд.

Фоҷеа дар Айнӣ: шахпора модар ва се фарзандашро кушт

20 – уми майи соли 2018  дар ҷамоати Фондарё, деҳаи Марғзори ноҳияи Айнӣ  бар асари канда шудани шахпорае модари 30-сола бо се фарзандаш ба ҳалокат расиданд.

Ҳангоми ҳодиса ин модар ва тифлонаш дар саҳро саргарми роҳандозии корҳои саҳроӣ буданд. Фоҷеа дар қаламрави Сангҳои Чигишт рух додааст

Страницы