Наврасону ҷавонон бояд бо ҳаёти ҳарбӣ ошно бошанд. Қабл аз он ки ба сафи хизмат ба қувваҳои мусаллаҳи кишвар даъват шаванд, бояд тасаввуроте дар бораи зиндагӣ дар қисмҳои ҳарбиву воҳидҳои низомӣ дошта бошанд. Ин имкон медиҳад, ки даъват ҳам ба осонӣ сурат гирад ва аз сӯйи дигар худи ҷавонон моил ба хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бошанд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозон ва ҷавонписарони синни тодаъватии муассисаҳои таълимии маркази шаҳри Гулистон чорабинии “Рӯзи дарҳои боз” ба вуқӯъ пайваст.
Байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аскарон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, ҷо ба ҷо кардани тир дар тирдон, волейбол, шашкаву шоҳмот ва турниккашӣ доир гардид.
Ҳамзамон ҷавонписарони синни тодаъватӣ бо вазъи будубоши сарбозон ва техникаи ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги шаҳри Гулистон консерти марғуб баргузор гардид.
Ба иштирокчиёни фаъол ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ сипоснома, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Шаҳзода БУТАЕВА,
сардори бахши кор бо ҷомеаи
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, лейтенант