Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамроҳ бо намояндагони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ дар шаҳри Бохтар тамрин оид ба омодагӣ ва амали дурусти аҳолӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ баргузор намуданд.
Ҳадафи роҳандозии дарс дар ин мавзӯъ омодасозии аҳолӣ барои коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҳамчунин омӯзиш додани онҳо ба стандартҳои рафтори дуруст ҳангоми ҳолатҳои фавқулода мебошад.
Дарсҳо аз лексия ва тамринҳои амалӣ иборатанд ва он аз ҷониби мутахассиони Раёсати КҲФ оид ба ҳимояи аҳолӣ ва ҳудуд, Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ якҷо бо мутахассисони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ гузаронида мешавад.
Барномаи тамрин ба ширкаткунандагон имкон дод, ки малакаҳои асосии арзёбии вазъ, тарҳрезии амалҳои аввалиндараҷа ва тасмимҳо ҳаноми ҳолатҳои фавқулодаро ҳосил кунанд.
Дар дарсҳо тибқи сенарияи омодашуда ҳолати мушаххаси фавқулода тамрин шуд. Ширкаткунандагон роҳҳои мухталифи амал дар заминларза, омадани сел ва лағзиши тарма, расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ ба зарардидагонро барарсӣ карданд.
Ин гуна дарсҳои омӯзишӣ ҳамчунин дар чандин мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Бохтар низ гузаронида шуд.