Ширкати ҳайати Тоҷикистон дар конфронси шашуми “Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо”

Дар шаҳри Женеваи Швейсария конфронси шашуми “Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо”, ки рӯзи 13-уми майи соли равон бо ширкати 3500 намоянда аз 150 кишвари олам оғоз ба кор карда буд, идома дорад. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин конфронс муовини Сарвазири кишвар М.Зокирзода сарварӣ мекунад ва ба ин ҳайат Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода шомил мебошад.

Дар расми ифтитоҳи конфронси шашуми “Платформаи ҷаҳонӣ оид ба коҳиши хатари офатҳо” муовини Сарвазири Тоҷикистон Зокирзода М. суханронӣ кард.

Сарвари КҲФ дар назди вазирони кишварҳои ширкаткунандаи конфронс суханронӣ намуд ва ба талоши мамлакатҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ишора намуд. Аз ҷумла вай гуфт: “Ҳимояи аҳолӣ аз офатҳои табиӣ ин яке аз вазифаҳои хеле муҳим ба шумор меравад. Зарфи чанд соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи миллии ҳимоя, ки ширкати фаъолонаи ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва секторҳои ҷомеаро дар бар мегирад, ба ҳам овард”.

13-уми май дар ҳошияи конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо писари Шоҳзода Карим Оғохони IY - Шоҳзода Ҳусейн Оғохон, ки як қатор лоиҳаҳоро дар Осиёи Марказӣ сарпарастӣ мекунад, мулоқот кард. Дар ин вохӯрӣ ҳамкориҳои минбаъда дар самти коҳиши хатари офатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. 

Ҳамчунин мулоқоти ҳайати Тоҷикитсон бо намояндаи махсуси Дабири Кулли СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо хонум Мами Мизутори ва Сарвари Намояндагии минтақавии намояндагии СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Паолу Албитрио баргузор шуд. Дар ҷараёни ин дидорҳо ҷонибҳо ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷрои Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офот дар солҳои 2015-2030 ва бахусус Стратегияи миллӣ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ то соли 2030 – ро баланд арзёбӣ карданд.  Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда дар масоили пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офтаҳои табиӣ ва гузаронидани конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе моҳи августи соли ҷорӣ баррасӣ шуд.

Рӯзи 15-уми май ҳайати ҶТ дар ҷаласаи “мизи мудаввар” оиди ҳадафҳои рушди устувор ва амалҳо оид ба тағйири иқлим ширкат намуд, ҳамчунин мулоқоти сарвари КҲФ бо роҳбари расонидани кумакҳои башарии Дафтари Швейсарӣ оид ба рушд ҷаноби Жан Люк Бернаскони ва ассисенти Дабири Кулли СММ – роҳбари барномаи СММ дар сатҳи миллӣ хонум Осаки Окаи баргузор шуд. 

Ғайр аз ин дар нимаи дуюми рӯз мулоқот бо вазири Вазорати миллӣ оид ба идораи офатҳои табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Наҷиб Оғо Фаҳим доир гардид.

Ширкати ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси шашуми “Платформаи ҷаҳонӣ оид ба хатари офатҳо” идома дорад.

Теги:

барчасп: